МАҶЛИСИ МИЛЛӢ: «ВНМО ё худ СПИД (AIDS) дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоиш дошта, нигаронкунанда аст»
ДУШАНБЕ, 06.04.2018/АМИТ «Ховар»/. Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, ки имрӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, муҳокима шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузаронида шуд, раисони кумитаҳо ва аъзои Маҷлиси миллӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок доштанд. Таъкид гардид, ки зарфи солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар доираи сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат даҳҳо муассисаҳои муосири тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббию озмоишӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин аз рушди бахши тандурустӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи як қатор санаду лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва солимии ҷомеа нигаронида шудаанд.
Дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонии палатаи болоии Парлумони мамлакат раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва дигар роҳбарону намояндагони ниҳодҳои марбутаи кишвар роҷеъ ба вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо гузориш доданд.
Зикр шуд, ки вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс бо дигар кишварҳо ташвишовар нест. Дар зарфи солҳои охир дар мамлакат бемориҳои сироятии сил, домана, сурхча, рӯдаю меъда, илтиҳоби шуш ва ғайра коҳиш ёфтааст. Аммо вазъи паҳншавии бемории Вируси норасоии масъунияти одам /ВНМО, ба русӣ – СПИД, ба англисӣ — AIDS/ дар ҷумҳурӣ дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ ташвишовар арзёбӣ гардид. Тибқи ҷадвали ҳолати эпидемикии ВНМО, мубталоёни ин беморӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 то январи соли равон 9957 нафарро ташкил дода, аз ин омор 66,5 дар байни мардон, 33,5 фоиз дар байни занон ба қайд гирифта шудаанд, ки 768 нафар ё 10,2% –ро ҷавонони то 18- сола ташкил медиҳад. Дар зарфи солҳои 1991 -2018 омори шахсони бар асари бемории ВМНО фавтида 2440 нафарро ташкил дода, 7517 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мебошанд. Дар ҷумҳурӣ ба мубталоёни бемориҳои сил ва ВНМО ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуда, онҳо дар маркази махсус ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз роҳҳои паҳншавии ВНМО тавассути алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, беш аз 60 фоизи гирифторони ВНМО маҳз бо ин роҳ ба ин беморӣ мубтало гардидаанд. Инчунин ВНМО тавассути гузаронидани хуни шахси мубталои бемории ВНМО ба шахси солим, истифодаи сӯзандоруҳои тамъизношуда ва дигар таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ, аз модари бемор ба кӯдак, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ мегузарад. Бархе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Россияю Қазоқистон ва дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд, аз омилҳои паҳнкунандаи ин беморӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ин росто таъкид шуд, ки бояд дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ тестикунонии фаврии муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар ҷумҳурӣ Маркази махсуси ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ ба таври ройгон ташкил карда шавад. Инчунин пурзӯр намудани тарғибу ташвиқ миёни мардум, хусусан паҳн намудани маводи иттилотӣ доир ба ВНМО тавассути воситаҳои ахбори омма, ширкатҳои мобилӣ, дар самти ҷилавгирӣ аз бемории ВНМО арзёбӣ гардид. Ҳамзамон таъкид шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои бахши маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи тозагии шахсӣ, риояи ҳолати санитарӣ дар ҷойҳои истифодаи умум, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, сартарошхона, кошонаи ҳусн, дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ (стоматология), ки аз омилони паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ, хусусан гепатит ва ВНМО мебошанд, бояд дар ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тақвият бахшида шавад, зеро солим нигоҳ доштани генофонди миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи басо муҳим муҳим маҳсуб ёфта, яке аз рукнҳои асосии сиёсати иҷтимоии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарни XXI мебошад.
Дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонии Маҷлиси миллӣ аз рӯи масълаи баррасишуда тавсияҳо ва қарори марбута қабул гардиданд.