Мероси таърихии тоҷикон, ки ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шудааст, аз мақому мартабаи баланди фарҳангӣ ва ҳунармандии ин миллат шаҳодат медиҳад. Ба шарафи 25-умин солгарди ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО

Апрель 10, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин фестивал хабар дод, дар фестивали идона Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода, директори Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон-собиқ котиби масъули Комиссияи миллӣ Шаҳло Абдураҳимова, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Зимни суҳбат муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имрӯз аз миқдори умумии ёдгориҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ ҳастанд, 5 адад ёдгорӣ аллакай ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд, ки ин пеш аз ҳама, феҳристи ёдгории шаҳри Саразм аст. Он ба асри биринҷӣ мансуб  буда, ба ёдгориҳои моддӣ дохил мешавад. «Дигар ёдгориҳои ғайримоддии Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Оши палав, фарҳанги мусиқии Шашмақом ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО аллакай шомил шуданд, ки ин ҳама аз таърихи пурғановати мардуми тоҷик маълумот медиҳад. Дар баробари ин 8 ёдгории моддии Тоҷикистон имрӯз барои воридшавӣ ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО қалъаҳои Ҳулбук, Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, қасри Янчун, мадрасаи Хоҷамашҳад, Панҷакенти қадим ва Бунҷикати Истаравшан пешниҳод шудаанд».

Ба гуфтаи Зафаршо Иброҳимзода, дар баробари ин имрӯз аз ҷониби Комиссияи миллии ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки жанри мусиқии Фалак низ ба феҳристи ёдгории умумиҷаҳонии ғайримодии ЮНЕСКО ворид карда шавад. «Ин, пеш аз ҳама, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ҳарчанд кӯҳсор аст, аммо ёдгориҳои бисёр гуногуну ғанӣ дорад. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки масоҳати зиёду аҳолии зиёд доранд, аммо ягон ёдгории таърихию фарҳангии онҳо ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид нашудааст. Шумораи зиёди мероси таърихии тоҷикон, ки ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шудааст, аз мақому мартабаи баланди фарҳангӣ ва ҳунармандии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад»,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиб,  сертификати он ёдгориҳое, ки аллакай аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд, дар Хазинаи тилоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Имрӯз ҳамаи он ба тамошо гузошта шуда, сокинон метавонанд аз  наздик онҳоро бинанд.

Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангии кишвар барои ҳифз ва эҳёи мероси ниёгони мо, аз ҷумла, анъана, урфу одат, таърих ва забон аҳамияти хосса медиҳад, ки қабули  барномаҳои зиёди ҳукуматӣ дар ин раванд аз ин гувоҳӣ медиҳад. Зикр бояд кард, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли  2018 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлати мост. Ҳукумати ҷумҳурӣ тариқи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ЮНЕСКО тавонист ба ҷаҳониён Тоҷикистон, таърихи он ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро сарбаландона муаррифӣ намояд.

Натиҷаи кӯшишу талошҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳуриамон аст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати озод, обод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва мамлакате, ки унсурҳои таърихӣ, урфу одат ва анъанаву маросимҳои миллии хешро то ба имрӯз ҳифзу нигаҳдорӣ намудааст, шинохта шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

 

Апрель 10, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд