Миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 16, 2018 10:39

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  13 апрел муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо  ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск  Виктор Литовченко  мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар рафти суҳбат ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти донишгоҳ ва нақши он дар рушди шаҳри Челябинск ва соҳаи маориф дар самти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, Виктор Литовченко зикр кард, ки донишгоҳи мазкур аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ мутахассисонро омода намуда, бо донишгоҳҳои хориҷӣ низ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

«Дар донишгоҳ 9 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки  аз онҳо 700 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, 65 нафар донишҷӯёни тоҷик мебошанд»,-афзуд В. Литевченко.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин аз ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати вусъат додани ин ҳамкорӣ миёни  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишнома ба имзо расониданд.

 

Апрель 16, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад