МОЯИ ФАХРИ МО. Ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва қабул мегарданд

Апрель 3, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон аст.  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  имрӯз ба сифати субъекти  комилҳуқуқи  ҳуқуқи  байналмилалӣ  шинохта  шудааст.  Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  ба  он мусоидат намуд,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сиёсати  хориҷии  худро  рушд  диҳад  ва бо аксар давлатҳои  ҷаҳон муносибатҳои  дипломатӣ  ба  роҳ  монад.  Ин  буд,  ки то имрўз  151 кишвари дунё Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ба  расмият  шинохта  ва  зиёда 121  давлат  бо  он муносибатҳои  дипломатӣ  барқарор  намудаанд.

Гарчанде  ки  26 сол  дар таърихи  муносибатҳои  байналхалқӣ  на  он  қадар муҳлати  зиёд  аст,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тавонист  дар  арсаи  байналмилалӣ  худро муаррифӣ  намуда,  сиёсати хориҷии  бисёрсамтиро  давом  диҳад.  Дар  ин муддат  ҳам дар  сиёсати  дохилӣ  ва  ҳам  дар пешбурди  сиёсати  хориҷӣ   муваффақиятҳои  беназир  ба  даст  оварда  шуданд.  Дар  ҳаёти  сиёсӣ,  иҷтимоӣ,  иқтисодӣ  ва фарҳангии  кишвар  дигаргуниҳои  азим  ба  вуҷуд  омаданд,  ки  ба  даст  овардани  сулҳи  комил  ва  ваҳдати  миллӣ  таҳкими  суботи  ҷомеа,  иштирок  дар ҳалли  масъалаҳои  муҳими минтақавӣ  ва  ҷаҳонӣ,  эълони «сиёсати дарҳои  боз»,  пешниҳоди ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ  аз дастовардҳои  бузурги  истиқлолияти  давлатӣ  ва махсусан  сиёсати хориҷии муваффақи  Тоҷикистон  ба  шумор  мераванд.

Махсусан  бо пешбурди  «сиёсати  дарҳои  боз»,  ки  аз соли  2003  роҳандозӣ  шудааст,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муваффақ гардид, ки  мавқеи  худро дар сиёсати  байналмилалӣ  устувор  созад. Аз ҷумла, яке  аз  авлавиятҳои  сиёсати  хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати  дарҳои  боз»  мебошад. Дар  Консепсияи сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чунин  омадааст:

«Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни  татбиқи  он,  Тоҷикистон  омода  аст  бо  ҳамаи  кишварҳои  дуру  наздик  робитаҳои  дӯстона  ва  эътирофи  манфиатҳои  тарафайнро  дар  асоси  эҳтироми  ҳамдигар,  баробарӣ  ва  ҳамкории  мутақобилан  судманд  густариш  диҳад».

Ба  назари  мо,  маҳз  пешбурди  чунин  сиёсат  буд,  ки бо  сарварии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо ҳифзи  манфиати миллӣ  ва  дарки  баробариву  ҳамкории судманд  як  қатор ташаббусҳо  дар  сатҳи  байналмилалӣ  манзур гардиданд.

Махсусан дар  соҳаи  об  аз  ҷониби  Сарвари  давлат ин ташаббусҳо-  Соли  байналмилалии  оби  тоза,  соли  2003, Даҳсолаи  амалиёти  байналмилалии  «Об  барои  ҳаёт»,  солҳои  2005-2015, Соли  байналмилалии  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  об,  2013 ва Даҳсолаи  байналмилалии  амал  «Об  барои  рушди  устувор»,  солҳои  2018-2028

пешниҳод  гардиданд, ки Созмони  Милали  Муттаҳид  онҳоро дастгирӣ  ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд.

Бояд  зикр кард,  ки  ташаббуси  Даҳсолаи  байналмилалии  амал  «Об  барои  рушди  устувор»,  солҳои  2018-2028  22  марти  соли  2018  оғоз  гардид.  Ба  ин муносибат  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  иҷлосияи  72-юми  СММ  суханронӣ  намуда, таъкид  карданд,  ки масъалаи  об  ва  таъмини  он  яке  аз масъалаҳои  муҳими инсоният  ба  шумор  рафта,  фаъолияти  дастҷамъона ва  муносибати ҷиддиро  тақозо  менамояд.

Махсусан Пешвои  миллат  ҷиҳати муҳим  будани  истифодаи  оқилонаи  захираҳои  обӣ  ва ба  фаҳми  ҳар  як  сокини  сайёра  расондани  онро боз як бори дигар таъкид намуданд.

Қобили  зикр  аст,  ки  дар ин  суханронӣ  Сарвари  давлат  боз  як  бори  дигар  кишварҳои  минтақа  ва фароминтақаро  барои  ҳамкории  самаранок  даъват  намуданд,  ки  ин воситаи  беҳтарин  барои  тавсеа дар соҳаи  об  мебошад.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  сарварии  Пешвои  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҳалли проблемаҳои  глобалӣ  саҳми  худро  мегузорад ва  ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Сарвари давлати тоҷикон  аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва қабул  мегарданд. Ин сабаби сарбаландӣ ва  ифтихори  ҳар  як  шаҳрванди  давлати мо  мебошад.

 

                                                                          Нусратулло  ЗОКИРОВ,
котиби  илмии  Институти
фалсафа,  сиёсатшиносӣ  ва  ҳуқуқи
ба  номи  А.  Баҳоваддинови
Академияи  илмҳои Тоҷикистон,
номзади  илмҳои  фалсафа

Апрель 3, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст