Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон дар Пекин
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин, 23 апрел дар толори «Душанбе»-и Котиботи СҲШ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷa Муҳаммад Осиф мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории Тоҷикистону Покистонро дар равобити дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар ҳошияи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ба татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида оиди пайвастшавии хатти интиқоли барқ, роҳҳои автомобилгард ва оҳани байни кишварҳои мо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи КАСА-1000, ки интиқоли барқи истеҳсолшудаи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистону Афғонистон таъмин хоҳад кард, баён доштанд.
Сироҷиддин Аслов ва Хoҷa Муҳаммад Осиф ҳамчунин дар атрофи вазияти минтақа ва ҷаҳон изҳори назар намуданд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






