Наврасони Академияи ФФТ дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек ду пирӯзӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тими наврасони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U15) таҳти роҳбарии сармураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қайсов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек оид ба футбол ду вохӯриро бо пирӯзӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии аввал тими наврасони Академияи ФФТ бо ҳисоби 3:0 дастаи наврасони вилояти Ҷӯйи Қирғизистонро шикаст доданд.
Дар вохӯрии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби калони 6:0 бар дастаи футболи «Велвет»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омаданд.
Имрӯз, 4 апрел тими наврасони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо наврасони дастаи мунтахаби то 15-солаи шаҳри Бишкек бозӣ мекунанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






