Ноҳияи Дарвоз маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро анҷом дод

Апрель 4, 2018 09:11

ХОРУҒ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони синни даъватӣ аз ноҳияи Дарвоз ҳамасола дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ довталабона дар назди комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъ омада, омодагии худро барои хизмат  дар сафи неруҳои низомии ҷумҳурӣ изҳор медоранд. Муовини сардори Комиссариати ҳарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоҳзода Шоҳқосимов гуфт, ки «имсол ба 23 нафар  ҷавонони ин ноҳия даъватнома фиристода шуд ва ҳамаи онҳо бидуни таъхир барои ташхиси тиббӣ  дар назди табибон ҳозир шуданд.   Ташхиси табибон, ки хеле ҷиддӣ сурат гирифт, нишон дод, ки ҳамаи ҷавонон солиманд ва барои хизмати аскарӣ  комилан омода мебошанд». Дар маросими гусел волидони наваскарон ва иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ низ ширкат намуда, бо рақсу тарона фарзандони худро  ба хизмати ватан гусел намуданд.

Муовини сардори комиссариати ҳарбии вилоят гуфт, ки «ҳоло навбати гусели даъватшавандагон аз ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим фаро расид. Ҳамаи онҳо ба нуқтаи даъвати баҳорӣ ҳозир шуда,  мавриди ташхиси тиббӣ қарор доранд. Агар саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ бошад, пас ин ду ноҳия низ маъракаи даъвати баҳориро пеш аз муҳлати тасдиқшуда анҷом медиҳанд».

Яке аз наваскарон, сокини Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз Баҳовиддин Нуриддинов изҳор намуд, ки «ҳарчанд маълумоти олӣ дорад ва яке аз муассисаҳои ноҳия ӯро ба кор даъват кардааст, аммо ӯ хизмати Ватан-модарро авлотар мешуморад. Зеро хизмати Ватан- ин мактаби мардонагию шуҷоат аст ва ҳеҷ муассисаи таълимӣ ҷои онро иваз карда наметавонад».

Баҳовиддин гуфт, ки марди ҳақиқӣ бояд қарзи ватанро иҷро кунад ва танҳо пас аз он паи амалӣ намудани орзую ниятҳояш раҳсипор гардад.

Апрель 4, 2018 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд