«Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ»,-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» — таҳти чунин унвон бахшида ба оғози ташаббуси Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташкилкунандагони асосии ин чорабинии сатҳи баланд мебошад.
Тавре аз Институти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи байналмилалӣ пагоҳ, 24 апрел соати 9 дар толори Академияи илмҳо бо иштироки намояндагони ИДМ баргузор мегардад.
Дар конференсия ҷанбаҳои сиёсии амният ва масъалаҳои об, масъалаҳои об аз ҷиҳати фалсафӣ-фарҳангӣ, масъалаҳои об ва танзими ҳуқуқии амнияти марбут ба об дар ИДМ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






