ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати пасти ҳаво боқӣ мемонад

Апрель 19, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта,  боридани боронҳои пуршиддат, жола ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 19 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои 1000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 19, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд