Пагоҳ Вазири корҳои хориҷии Бангладеш ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 10.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ ҳайати Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таҳти роҳбарии Вазири давлатии корҳои хориҷӣ, узви Парлумони Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Алам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафари ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш дар Тоҷикистон то 14 апрел идома меёбад.
Ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш қабл аз сафар ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид ба амал овард. Тавре «Вести.uz» навиштааст, ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш, ки ба он намояндагони соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорати ин кишвар шомил мебошанд, дар парлумон, ВКХ Ӯзбекистон мулоқотҳо доир намуда, дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар ширкат ва аз шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро дидан намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2015 зимни мулоқоти худ бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Алам ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноати бофандагӣ ва содироти пахтаи Тоҷикистон ба Бангладеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буд.
Инчунин дар ин ҳафта ташрифи ҳайатҳои зерин ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст:
10-15 апрели соли 2018 – ташрифи сафирони навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Куба барои иштирок дар маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 апрели соли 2018).
13-15 апрели соли 2018 – ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Ли Ён Ҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15-18 апрели соли 2018 – ташрифи ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи 23-ми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






