«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҒАМХОРИ ЯТИМОН», — ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори бинои Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд бахшида ба истиқболи Рӯзи пойтахт бо ҳамоҳангии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иброз дошт, ки давлату ҳукумат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додаанд. «Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд»,-зикр намуд ӯ.
Мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва ятимону камбизоатонро дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. «Баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки дар саросари мамлакат дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор мегардад, баёнгари ҳамин нукта буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳамагонро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзмади аҳолӣ даъват менамоянд»,-афзуд Т. Султонӣ.
Бояд гуфт, ки алҳол дар ҳудуди вилояти Суғд 15 хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо кӯдакон ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






