«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҒАМХОРИ ЯТИМОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши ятимони кул доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти сарпарасти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории силсила чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамоиши ятимони кул таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори ятимон» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 50 нафар ятимони кул иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои К. Салимзода, дар оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон сухан карда, иброз дошт, ки ятимон ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос накунанд, зеро падари онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
«Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ бо дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат садҳо мактаб — интернатҳо таъсис ёфта, барои нигоҳубун ва дар шароити мусоиду ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир тарбият ёфтани наврасон фаъолият доранд. Пешвои миллат барои аз барнамоии донишҳои замони муосир, ҳамчун кадри баландихтисос тарбият ёфтан ва ба зиндагии мустақилона гусел кардани шумо наврасону ҷавонон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Аз ин лиҳоз, шуморо мебояд аз ҳама дастовардҳо ва имкониятҳои фароҳамовардашуда ба таври васеъ истифода намуда, кадрҳои баландихтисос гардед ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳмгузор бошед», – гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Дар охири ҳамоиш баҳри болидахотирии ҷавонону наврасон зиёфати расмии Раиси Кумита ва барномаи консертии ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор гардида, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ аз номи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар саросари мамлакат ҳамоиши ятимони кул бо иштироки бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






