Саҳми мақомоти гумрук дар рушди сайёҳии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Пешвои миллат -ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», — таҳти чунин унвон дар иртибот ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар он кормандони мақомоти гумрук, вазорату идораҳои марбута, олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Ҳурматзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мақомоти гумруки Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ сухан карданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, олами бойи набототу ҳайвоноти нодир қалби садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст.
Аз ин рӯ, ҳамасола тамоюли ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд, ки ин раванд бозгӯи кишвари амну ором дар қораи Осиё ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани Тоҷикистон аст.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва иқдоми наҷиб андешида, барномаҳои махсуси давлатӣ барои таъсис ва рушди минтақаҳои сайёҳӣ қабул намудааст, ки Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 яке аз онҳост.
Инчунин бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат даҳҳо иншооти муосири сайёҳӣ, назири маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара», истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Пули сангин» ва чандин меҳмонхонаҳои наву замонавии панҷситорадори бренди ҷаҳонӣ ба мисли «Sheraton», «Hyatt Regenccy», «Serena» ва ғайраҳо дар Душанбе бунёд гардида, ҳамзамон дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат таъмиру таҷдид шудаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархӯрдор гардидани ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод намудани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ва барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ аз дастгириҳои Сарвари давлат нисбати рушди сайёҳӣ ва дар ин замина ҳавасманд намудани соҳибкорон ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ башорат медиҳад.
Дар конференсия ҳамзамон доир ба паҳлуҳои дигари дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон, саҳми соҳаи сайёҳи дар рушди иқтисодиёти миллӣ, хусусан ғанӣ гардидани буҷаи давлат, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тадбирҳои андешидаи мақомоти гумруки Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлил ва пешгӯии мутахассисон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ, интизор меравад, ки то соли 2020 аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион сайёҳӣ хориҷӣ боздид намояд. Ин дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «Турстат»-и Россия пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.














Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд






