«Садриддин Айнӣ-маорифпарвар», -конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Устод Садриддин Айнӣ дар баробари шоирӣ ва носирӣ, ҳамзамон олими барҷаста ва аввалин Президенти Акадамияи илмҳои Тоҷикистон буданд ва дар пешрафти илми кишвари мо хизматҳои беназир анҷом додаанд. Ин нуқта дирӯз, 13 апрел дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ — маорифпарвар», ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гадид, зикр шуд.
Конфронси мазкур бахшида ба 140-солагии бундёгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо иштирок доштанд.
Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни суханронии худ зикр намуд, ки устод Садриддин Айнӣ ба сифати фарзанди хирадманду заковатпеша, фидокору қаҳрамон, бо талошу муборизаҳои худ дар шароити давраи нави таърихӣ номи тоҷиконро гирди забон ва шуҳрати ҷаҳониён гардонидаанд. Дар замони барои тоҷикон тақдирсози садаи 20 устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳояшон ватандорони аслӣ ва ҳақиқӣ будани тоҷиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барҷаста собит сохтаанд.
Ҳамчунин дар конфронс дар мавзӯи инъикоси масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ дар публисистикаи устод Садриддин Айнӣ, арзиши таълимӣ ва тарбиятии матни осори устод С.Айнӣ дар ҷузъи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мавқеи ҳунарҳои мардумӣ дар осори устод Айнӣ, инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф дар «Ёддоштҳои»-и С. Айнӣ ва талошҳои маорифпарваронаи С. Айнӣ муҳокима гардиданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






