Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Россия сурат гирифт

Апрель 9, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Зимни гуфтушунидҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳо ба масоили татбиқи амалии санадҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В. Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2017 ба имзо расида буданд, зоҳир гардид.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар натиҷаи сафар Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2018 ба имзо расид.

 

Апрель 9, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд