Сармоягузорони бонуфузи институтсионалӣ бо вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкии кишвар як гурӯҳ сармоягузорони институтсионалӣ дар ҳайати Бонки Америкоии «Меррил Линч» ва фондҳои сармоягузории «Fidelity», «Metlife», «BNP Paribas», «T.Rowe Price», «Barings», «Eaton Vance» ва «Danske» ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Тавре аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати бонуфузи сармоягузоронро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба вазъ ва дурнамои макроиқтисодӣ, низоми бонкии мамлакат, самтҳои асосии барои сармоягузорӣ ҷолиб, мавҷудияти захира ва имкониятҳои зиёд дар соҳаи гидроэнергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва нақшаҳои минбаъда дар самти кушодани бозор маълумоти муфассал манзур гардид.
Ҷамолиддин Нуралиев аз мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, ба низоми бонкӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна бо мақсади рушди истеҳсолот ва таъмини ҷойҳои нави корӣ изҳори назар кард.
Бо иттилои манбаъ, ҳайати корӣ баъди шинос шудан бо вазъи макроиқтисодии мамлакат ба ҶСК «НБО Роғун» сафар карданд. Гурӯҳи кориро дар шаҳри Роғун директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Сипас, ҳайати сармоягузорони институтсионалӣ аз иншоотҳои алоҳидаи «НБО Роғун» дидан карданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳайати мазкур дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани як қатор мулоқотҳоро бо намояндагони Вазорати молия, намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилаии асъор (ХБА) ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд.










Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






