САЁҲАТИ РӮЗИ ИСТИРОҲАТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба сайёҳони Германия дараи Ромитро муаррифӣ намуданд

Апрель 4, 2018 08:54

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Садорати кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки рӯзҳои истироҳат барои донишҷӯёни ихтисосҳои туризми донишкада саёҳати рӯзиистироҳатӣ анҷом диҳад. Мақсад аз баргузории саёҳати рӯзиистироҳатӣ шинос шудани донишҷӯён бо хатсайрҳои сайёҳии минтақаҳои сайёҳии наздишаҳрӣ мебошад.  Маҳз бо ҳамин мақсад чанд рӯз қабл донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои туризми донишкада-аъзои маҳфили илмии донишҷӯён- «Ҷаҳони саёҳат» бо  роҳбарии устодонашон дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат саёҳати якрӯза анҷом доданд.

Дар раванди саёҳати якрӯза донишҷӯён манзараҳои зебою нотакрори дараи Ромити шаҳри Ваҳдатро ба меҳмонони немис, ки дар дараи Ромит ба ҳайси сайёҳ қарор доштанд, муаррифӣ намуданд. Донишҷӯён ҳангоми саёҳати якрӯзаи худ дар якҷоягӣ бо меҳмонони немис аз истироҳатгоҳҳои «Кайҳон», «Явроз» ва «Дониш» дидан карданд. Онҳо ҳангоми саёҳат дар дараи Ромит донишҳои амалии худро оид ба тарзи дурусти ташкили саёҳат барои сайёҳони хориҷӣ такмил дода, аз тамошои манзараҳои дилфиреб таассуроти хуб бардоштанд.

Бояд ёдрас шуд, ки дараи Ромит дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ буда, бо таҳкими раванди бунёди иншооти инфрасохтори замонавӣ метавонад ба яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии экологӣ, табобатию истироҳатӣ ва шикор табдил ёбад.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми ташкили хатсайрҳои сайёҳии рӯзиистироҳатиро минбаъд низ чиҳати боздид аз дараҳои Ромит (макони сайёҳии «Ёс»), ноҳияи Варзоб (дараи Оҷук), ноҳияи Файзобод,  шаҳри Норак, шаҳри Роғун ва Искандаркӯл анҷом медиҳад.

Апрель 4, 2018 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад