Татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу беҳдошт барои амалӣ кардани ҳадафҳои конститутсионии давлат мусоидат мекунад

Апрель 4, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу беҳдошт барои амалӣ кар­дани ҳадафҳои конститут­сионии давлат мусоидат мекунад. Дар ин бора дар ҳамоиш бахшида ба оғози Даҳсолаи байнал­милалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018-2028, ки дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон   доир карда шуд, таъкид гардид.

Ширкаткунандагони ҳамоиш  аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳидро фаҳмонида, атрофи та­моми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об сухан гуфтанд.

Дирек­тори Инс­ти­­­­­тути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Ака­де­мияи илм­ҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Зайналобуддин Кобулиев зикр кард, ки «бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати мо соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳ­солаи байналмилалии ама­лиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байнал­милалии ҳамкорӣ   дар соҳаи об» эълон ва мавриди амал қарор гирифта, чорабиниҳои сершумори он то  андозае дар масъалаи дастрасӣ ба об таъсири назаррас расониданд».

Маърӯзачиён изҳори боварӣ карданд, ки он чорабиниҳое, ки дар доираи Даҳсолаи байнал­милалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ба нақша гирифта шудаанд, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои об, дастрасӣ ба обу беҳдошт ва таъмини оби ошомидании босифату бехатар ҷалб менамоянд.

 

Апрель 4, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст