«Тоҷикстандарт»: ҳадафи ташкили курсҳои омӯзишӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолият аст
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони сохторҳои зертобеи Агентӣ курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси кормандони марказҳои вилоятию минтақавиро аз 2 апрел оғоз намуд.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар навбати аввал ба машғулиятҳо мутахассисони шуъба ва бахшҳои санҷиш ва назорати давлатии воситаҳои ченаки марказҳои зертобеи Агентӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳоло барои гузаронидани тренинг-омўзишҳо мутахассисон ва коршиносони дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» ҷалб шуда, дар назар аст, ки барои боз ҳам самаранок гузаштани машғулиятҳо коршиносони хориҷӣ низ даъват карда шаванд.
«Умед аст, ки бо роҳандозии курсҳои мазкур самаранокии фаъолият ва сатҳи хизматрасонии соҳа боло рафта, дар ин замина ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон таъмин ва воридоти ҳар гуна молҳои пастсифату ғайристандартӣ ба бозорҳои кишвар пешгирӣ карда мешавад», — иттилоъ доданд аз «Тоҷикстандарт».








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






