«УСТОД АЙНӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ РАВОБИТИ АДАБӢ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Апрель 13, 2018 16:53

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 140-умин зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ 12-13-уми апрели соли равон дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ» баргузор гардид. Дар ин бора профессори ДМТ Равшан РАҲМОНӢ ба АМИТ «Ховар» чунин  маълумот пешниҳод намуд:

— Дар конференсияи байналмилалии мазкур, ки дар ДМТ баргузор шуд, аз Россия, Ўзбекистон, Голландия, Эрон, Малайзия, аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб, Бохтар ва аксари донишгоҳҳои кишвар пажўҳандагон иштирок намуда, дар атрофи масъалаҳои муҳими рўзгору осори устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабию забоншиносӣ баҳсҳои судманде анҷом доданд.

Субҳи барвақт иштирокдорони конфронс ба боғи устод Айнӣ ташриф оварда, бар сари оромгоҳи устод гулдастаҳо гузоштанд. Узви вобастаи АИ ҶТ, профессори ДМТ Аламхон Кўчаров дар сари турбати устоди аллома сухан гуфта, хидматҳои арзишманди бузургворро оид ба адабиёт, забон, таърих, фарҳанг ва ҳамчунин сиёсати он замон ёдовар шуд. Дар ҳақиқат устод Айнӣ барои ҷойгоҳи худро дар арсаи таърих пайдо намудани Тоҷикистон талошҳо намуда, ҳам бо қалам, ҳам бо сухан ва ҳам амалан ҷоннисориҳо намудааст.

Cоати 10 имрӯз тибқи барномаи конференсияи байналмилалии «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ» дар бинои асосии ДМТ ҷаласаи ифтитоҳии он оғоз шуда, дар он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ  М. С. Имомзода ба меҳмон дар бораи «Нигоҳи Айнӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии аморати Бухоро» маърӯза намуда, аз ҷумла, ёдовар шуд, ки дар таърихи муосири миллати мо ба монанди устод Айнӣ, барои пойдории миллати мо, касе чунин ҷонфидоӣ накардааст. Маҳз бо талошҳои шахсоне ба мисли эшон тоҷикон соҳиби кишвари худ Тоҷикистон шуданд, ки имрўз як мамлакати озоду соҳибистиқлол аст.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим оид ба чанд нуктаи хеле муҳим ва тозаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» изҳори назар намуда, аз ҷонфидоиҳои устод баҳри худшиносии миллат сухан гуфт.

Дар ҷаласа ифтитоҳӣ ҳамчунин маърузаҳои зерин шунида шуданд: «Садриддин Айнӣ дар партави робитаҳои адабии тотору тоҷик» (профессор М. Ю. Миннегулов, аз Тотористони кишвари Россия), «Самарқанд – Айнишиносӣ  дар  Самарқанд» (аз Ўзбекистон, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд), «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон» (аз Голландия, профессор Габриелла ван ден Берг) ва ҳамчунин донишҷў Сулаймони Адҳам шеъри Бозор Собирро, ки дар бораи устод Айнӣ навиштааст, қироат намуд.

Пас аз нисфирўзӣ конфронс дар се бахш дар факултаи филологияи ДМТ баргузор гардид. Дар бахши аввал доир ба масъалаҳои «Адабиётшиносӣ ва робиташиносӣ» маърўзаҳои «Симои адабии устод Айнӣ дар қиссаи «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода» (С. Эмомалӣ, декани факултаи филологияи ДМТ, н.и.ф., дотсент), «Рўзгор ва осори устод Айнӣ дар солҳои таъқибот (Дар асоси мактубҳои номатбўъ)» (А. Маҳмадаминов профессори ДМТ), «Ҷашнҳои мардумӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (Р. Раҳмонов, профессори ДМТ), «Мақоми Садриддин  Айнӣ дар рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику украин» (М. Зайниддинов, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, н.и.ф., дотсент),  «Намунаи адабиёти тоҷик» дар пажўҳиши Х. Мирзозода» (Худойдодов А., д.и.ф., ноиби ректори Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода), «Aini and Tajik literature at Leiden University, a personal note» (профессори Донишгоҳи Лейдени кишвари Голландия, Gabrielle van den Berg) ва дигарон шунида шуданд.

Мавзўъҳои бахши дуюми конфронс масъалаҳои «Публитсистика, матншиносӣ ва тарҷумаи бадеӣ»-ро дар бар мегирифт. Дар ин бахш мавзўъҳои «Устод Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш» (А.Кўчаров А., д.и.ф., профессори ДМТ), «Фарҳанги мардумӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (аз Малазия, Ли Сю Шиа), «Мавқеи шеърҳои халқӣ дар достони «Оби ҳаёт», (Р.Худоёрзода, устоди Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав), «Ҳинҷоргурезӣ дар шеъри Садриддин Айнӣ» (аз кишвари Эрон, А.Музаффарӣ, докторанти Донишгоҳи Теҳрони ҷануб), «Садриддин Айнӣ ва адабиёти бачагона» (М.Назиров, докторанти Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ), «Осори устод Айнӣ дар хонишҳои бадеии радио» (Ализода А., н.и.ф., дотсенти ДМТ) ва дигарон матраҳ гардиданд.

Бахши сеюми конфронс ба масъалаҳои «Забонишиносӣ» бахшида шуда буд. Дар ин бахш мавзўъҳои «Корбурди нобарҷои аносири луғавӣ аз назари Айнӣ» (А.Ҳасанов, д.и.ф., профессори ДДХ ба номи Б.Ғафуров), «Қабатҳои услубии воҳидҳои фразеологии «Ғуломон»-и С.Айнӣ» (А.Шарофиддинова, н.и.ф., Донишгоҳи давлатии Самарқанд ), «Воҳидҳои фразеологии соматикӣ бо ҷузъи «дил» ва «сар» дар осори С. Айнӣ» (Ҳ.Дўстов мудири каф. Забони адабии муосири тоҷикии ДМТ, н.и.ф., дотсент), «Ҳунари достонсароии С. Айнӣ» (С.Аҳмадов, н.и.ф., Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав) ва дигарон маври баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамаи маърўзаҳо ва гузоришҳо, аз ҷумла суханронии  профессор А.Маҳмадаминов ва профессори Донишгоҳи Лейдани Голландия Габриелла ванн ден Берг мубрам ва арзишманд буданд.

Дар конфронси мазкур қариб 70 маърўза шунида шуд. Ҳамчунин китоби «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ»: Мақолаҳо аз конференсияи байналмилалии «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ» бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ ба нашр расид.

Дар китоби мазкур мақолаҳои зерини пажўҳандагон бо фишурдаи русӣ ва англисӣ пешкаши аҳли назар гардид: «Масъалаи тоҷикон» дар публисистикаи устод Садриддин Айнӣ (нимаи аввали солҳои 20-уми қарни ХХ) (М.Абдуллозода, д.и.ф., профессори ДСРТ), «Айнӣ ва Самарқанд» (Ҷ.Ҳамроев д.и.ф., профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд), «Устод Айнӣ ва масъалаи танзим» (Р.Ваҳҳобзода, н.и.ф., дотсенти ДМТ). «Андешаи чанд аз шеъри «Нидо ба ҷавонон»-и устод Садриддин Айнӣ» (А.Набавӣ, н.и.ф., ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакӣ), «Мастерство Садриддина Айни при изображении художественных характеров» (В.К.Сабирова, д.ф.н., профессор (Кыргызстан), «Садриддин Айнӣ ва театр» (Б.Хуррамзод, н.и.ф., Донишгоҳи давлатии Самарқанд), «Устод Айнӣ ва робитаҳои адабӣ» (Р.Восиева, д.и.ф., ДДЗ ба номи С. Улуғзода), «Мавқеи суруд дар осори устод Айнӣ» (С.Қосимӣ, ноиби ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, н.и.ф., дотсент), «Переводческие трансляции произведений С. Айни на кыргызском и таджикском языках» (аз Қирғизистон, А.К.Камбарова, к.ф.н., доцент Сулюктинского института БатГУ), «Воқеияти иҷтимоӣ ва бунёди мардумии насри устод Айнӣ» (Ҳ.Раҳмонов, устоди ДМТ), «Мусаммат дар ашъори Садриддин Айнӣ» (З.Холиқова, н.и.ф., Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ), «Чашмандозе ба психологизми насри Садриддин Айнӣ» (Қ.Нурқаев, устоди ДМТ), «Умумият ва тафовут дар афкори маорифпарварии Садриддин Айнӣ ва Маҳмуди Тарзӣ» (З.Ёрова, устоди ДМТ), «Садриддин Айнӣ ва арзиши осори ў аз нигоҳи Аминҷон Шукўҳӣ» (И.Бобомаллаев, устоди ДМТ), «Назари устод Айнӣ оид ба тарбияи атфол» (А.Нуриллозода, устоди ДМТ), «Особенности фокализации в «Воспоминаниях» Садриддина Айни» (Ф.Ахмадзода, доктор PhD-и ДМТ), «Таҳрири забонии матнҳои чопии қиссаи «Марги судхўр»-и Садриддин Айнӣ» (Н.Қаландаров, н.и.ф., дотсенти ДМТ), «Садриддин Айнӣ ва омилҳои таҳкими давлатдории миллӣ» (А.Усмонов, н.и.т, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров), «Ташреҳи феълҳои сохта дар луғати нимтафсилии С.Айнӣ» (М.Тиллохоҷаев, н.и.ф., дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров), «Устод Айнӣ – ҳомии забони зиндаи халқ» (М.Олимҷонов, н.и.ф., дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (Тоҷикистон), «Андешаҳои Садриддин Айнӣ оид ба таълифи китобҳои дарсӣ» (Пўлодова Ш., н.и.ф., ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров), «Содабаёнӣ – омили асолати забон (андешаҳо дар ҳошияи мақолоти устод Айнӣ)» (А.Абдуқодиров, М.Неъматова, Ш.Ҳакимова, устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров).

 

Апрель 13, 2018 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид