ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Апрель 9, 2018 11:22

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Ғоратгарӣ дар дили шаб

 Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 39-соли сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 31 марти соли 2018 ҳангоми дар назди тарабхонаи Ваҳдати шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, зӯран аз дасташ 520 сомонӣ, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро ба маблағи 1520 сомонӣ  тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ марди 23-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.

Тиллодуздон баъди 3 сол дастгир гардиданд

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар ҷовон-сокинони ноҳияи Ҳамадониро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Муайян карда шуд, ки гумонбарон 27 декабри соли 2015, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 30-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе гардида, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ, аз ҷумла, 5 адад ангуштарини занона бо арзиши умумии 1400 доллари ИМА, 3 адад ангуштарини нуқрагини занона бо арзиши 150 доллари ИМА, 5 адад гӯшвори тиллоӣ бо арзиши 500 доллари ИМА, 1 адад дастпонаи занона бо арзиши 200 доллари ИМА ва як миқдор ҷавоҳироти дигар тасарруф намудаанд. Гумонбарон бо содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида ба маблағи 3370 доллари амрикоӣ зарар расонидаанд.

Гирифтани пора барои омода кардани билети ҳарбӣ

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ёрдамчии сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ш.Конибодом, марди 23-солаи сокини ш.Душанбе, барои омода кардани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз уҳдадории ҳарбӣ аз шиносаш- марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур 1000 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст.

3 апрели соли равон, тахминан соати 21:30 дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ошхонаи «Меҳрангез»-и шаҳри мазкур баъди гирифтани 1000 доллари амрикоӣ номбурда бо гумони гирифтани пора дастгир гардид. Далели шайъӣ- 1000 доллари амрикоӣ гирифта шуд.

Суръати баланди мошин боиси ҳалокати пиёдагард гардид

3 апрели соли равон, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи «Дэу Дамас» Комилов Дилшод Муродович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Андарсойи ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти мазкур суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист ва пиёдагард Насриддинова Гузал Маъруфовна, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард Г. Насриддинова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

 

Апрель 9, 2018 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ