Китоби «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол» дар Душанбе муаррифӣ гардид

Май 24, 2018 15:58

ДУШАНБЕ, 24.05.2018./АМИТ «Ховар»/.  «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол»-таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулоҳ Рудакӣ Ҳақназар Ғоиб дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷамъомадро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда,  зикр кард, ки ғояи асосии ин асари тозанашр мисли дигар китобҳои шоири маъруф аз  талқини ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ иборат буда, дар замони муосир, ки худшиносии миллӣ дар мустаҳкам намудани унсурҳои давлатдории тоҷикон  мавқеи хоса дорад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар маҳфил олимон, шоирону нависандагон ва мухлисони ашъори ин шоири ватансаро иштирок намуда, аз ҷумла, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Мирзо Муллоаҳмад ва Абдунабӣ Сатторзода перомуни ин  китоби  тозанашр ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин манзума шоир кӯшидааст собит созад, ки башар бо шинохти асли инсонии хеш ва решаҳои қавмияти таърихиаш на танҳо барои хонаи худ, балки барои хонаи ягонаи инсоният — курраи Замин хештанро вазифадор созад. Ҳақназар Ғойиб кӯшиш ба харҷ додааст то ихтилофи байни Шарқу Ғарбро аз байн бурда, дӯстиву рафоқатро дар миёни башар ба ҳайси маводи муфид дар замири  инсонҳо кишт намояд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҳақназар Ғойиб беш аз 50 сол аст, ки машғули фаъолияти босамари эҷодӣ буда, ин китоб 30-юмин маҷмӯаи ашъор ӯ ба ҳисоб меравад.

Силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» ва ғайра дар эҷодиёти шоир мақоми хоса доранд. Барои достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989) гардидааст. Асари дигари шоир «Суруши Хатлон» ҳам лабрези ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва сабақомӯзӣ аз ҳодисаву фоҷиаҳои таърихи миллат буда, соли 2000 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Дар достони «Сояҳои офтобрӯз» шеъру манзума ва силсилаи шеърҳои «Шоҳномаи умр», «Ҷони ташна» (достони қаҳрамонии Сафар Амиршоев), «Фарзанди Офтоб», «Дардномае ба миллат» шоир назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷиаи Ватан нигаронида, таъкид кардааст, ки танҳо меҳри ҳурмуздӣ миллати ҳурмуздинажодро метавонад аз хашми аҳриманӣ раҳо бахшад.

Шоир ашъори ҷудогонаи И.Бунин, И.В.Гёте, Е.Евтушенко, С.Есенин, Г.Абашидзе, Ҳ.Ҳусейнзода, Э.Межелайтис, Н.Баратинский, А.Мухтор, Махдумқулӣ, Я.Колас, А.Орифовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Шеърҳои Ҳақназар Ғойиб  ба забонҳои дигар   тарҷума ва нашр гардидаанд.

Май 24, 2018 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ