Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ ширкат намуд

Май 7, 2018 15:51

ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддин дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣҲИ) таҳти унвони «Арзишҳои исломӣ баҳри сулҳи устувор, ҳамбастагӣ ва рушд», ки 5-6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Даккаи Ҷумҳурии Халқии Бангладеш баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, И. Насриддин дар суханронии хеш, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад». Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.

Илова бар ин ишора гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз чораҳои эҳтиётӣ дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.

 

 

Май 7, 2018 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид