Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ дар Минск баргузор гардид

Май 24, 2018 14:54

ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри  Минск таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар рӯзномаи ҷаласа банди алоҳида роҷеъ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ворид гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар  ҷаласаи мазкур  аъзои Шӯро  доир ба рафти иҷрои Қарори Шӯрои намояндагони доимии Иттиҳод аз 18 апрели соли 2017 оид ба баланд бардоштани самаранокии дастгирии иттилоотии ИДМ ва роҷеъ ба рафти фаъолияти сомонаҳои мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон мутобиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳодҳо ба лоиҳаҳои рӯзнома мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар рафти ҷаласа  Раиси Шӯро, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод таваҷҷуҳи  иштирокдоронро  оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва мақсади баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар баргузор мегардад, ҷалб намуд.

Дар ин  робита Сафир аз ҳамаи намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати иштироки фаъоли намояндагони кишварҳояшон дар кори Конфронси мазкур даъват ба амал овард.

Май 24, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад