Аз 14 то 17 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус аз 14 то 17 майи соли равон Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-15 май ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро бар уҳда хоҳад дошт.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Беларус, намоишгоҳи асарҳои мусаввирӣ, барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар назар аст.
Барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Беларус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки»-и Ҷумҳурии Беларус сурат хоҳанд гирифт.
Дар назар аст, ки 14 майи соли 2018 соати 14:00 дар Хонаи кинои «Зебуниссо» ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
15 май сафари меҳмонон ба шаҳри Ваҳдат ва ташкили барномаи консертӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат дар назар аст. Инчунин меҳмонон аз Дараи Ромит дидан менамоянд. Соати 14:00-и ҳамин рӯз дар Хонаи кинои «Зебуниссо» идомаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Субҳи 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон соати 10:00 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Шоми 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва беларусҳо» ифтитоҳ меёбад.
Соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони беларусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Дар аксҳои поён: ансамбли рақсии «Хорошки»; Ҳунарпешаҳои шоистаи Ҷумҳурии Беларус Владимир Громов ва Алёна Ланская











Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






