«БАҲС ДАР ИЛМ ҲАМЕША БУД, ВАЛЕ НА БО ИН ШЕВА».Изҳороти раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоҳир Раҳмонзода

Май 8, 2018 15:47

ДУШАНБЕ, 08.05.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба «ташхис»-у «хулосаҳо»-и бемантиқи ба ном ҷамъияти озоди маҷозии «Диссернет» изҳороти раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоҳир Раҳмонзодаро интишор намуд. Тавре хабар дода будем, журналистони АМИТ «Ховар» оид ба фаъолият ва тарзи кори «Диссернет» тадқиқот мебаранд, ки аз натиҷаи он аллакай ду мавод ба табъ расонида шуд. Ва, инак, матни пурраи изҳороти З. Раҳмонзодаро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешниҳод менамоем.

Ҳангомаҳои шабакаи русии «Диссернет», ки давоми чанд моҳи охир доираҳои гуногуни илмии тоҷикро фаро гирифтаву боиси нигаронӣ гардидааст, дар шароити феълӣ яке аз мавзӯъҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Дар бораи таърихи таъсисёбии ин ҳаракати ҷамъиятӣ борҳо тавассути шабакаҳои интернетиву матбуоти даврӣ хондему иттилоъ дорем, ки таъсисдиҳандагонаш чӣ шахсиятҳои ба иборае «радди маъракашуда»- и ҷомеаи русӣ мебошанд.

Бо таваҷҷуҳ ба масоили матраҳшуда, чанде пеш вазири маориф ва илми Федератсияи Россия дар яке аз мусоҳибаҳои худ оид ба фаъолияти ин ҳаракати ҷамъиятӣ ба ин маънӣ гуфт, ки далели кӯчонидани беасос ё мавҷуд набудани навигарии илмиро танҳо мутахассиси соҳа метавонад муайян кунад. Инчунин, дар мусоҳибаи дигараш раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии Россия В.М. Филиппов илова намудааст: «Ба овозаҳое, ки дар «Диссернет» паҳн шудаанд, аҳамият додан кори Комиссияи Олии Аттестатсионӣ нест. Дар он изҳороти бепоя ҷой дошта метавонанд. Агар мо изҳороти расмиро бо чопи дақиқи «Диссернет» тавонем бубинем, он гоҳ метавонем чунин изҳоротро баррасӣ кунем. Вале ин ҳама, ҳоло аз як гапҳои ҳавоӣ беш нестанд».

Албатта, барои нафари заковатпешаву дорои хиради азалӣ чунин натиҷагириҳои амиқи сохторҳои дахлдори кишвари бузурги Россия басанда аст. Муҳимтар аз ҳама, изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш аз ҷониби олимону коршиносони варзида вобаста ба ҳангомаҳои беасоси «Диссернет» қабул гардид, фаъолияти ин ташкилотро дар самти муайянсозиву асардуздии олимони тоҷик беасосу бепоя хонд.

Аммо дар ин ҷо суханро дар бораи ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба дарозо бурданӣ нестем, зеро таҳлилу ташхиси чанде аз корҳои илмии олимони тоҷик, ки мавриди интиқоду фошкориҳо қарор гирифтааст, хулоса ва ҳадди охир буда наметавонад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмии пешниҳодшуда қаблан дар асоси асноду муқаррароти ин ниҳодҳои дахлдор мутобиқу тасдиқ мегарданд.

Вале он нафароне, ки дидаю дониста ва ё шояд қасдан хулосаи беасоси чунин як ташкилоти ҷамъиятии ба ном «Диссернет»-ро дастак кардаву дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ мечархонанд, чӣ манфиат доранд?

Тибқи маълумоти мавҷуда ва андешаҳои зикргардида, ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» худ як сохтори ғайридавлативу масъулинаш тавассути маблағҳои ҳангуфти хоҷагонаш кору фаъолият кардаву аксари хулосаҳояш муғризонаанд. Табиист, ки чунин муносибатҳои пасипардагии вақтҳои охири «Диссернет» ва шабакаи хабарии «Akhbor.com» шубҳаву нобоварии дилхоҳ бинандаву хонандаро зиёдтар менамояд. Агар чунин набошад, чаро заҳмати олимони тоҷикро аз дидгоҳи интиқодӣ бештар натиҷагириву хулосабарорӣ менамоянд?

Дар ин ҷо, барои пайдо намудани маълумоти бештари ҳаводорону мухлисони «Диссернет» ва «Akhbor.com» зарурати зик­ри баъзе аз талаботу қонунҳои асосии Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россияро хеле бамавриду муҳим мешуморам.

Ногуфта намонад, ки таҳлил ва хулосаи кунунии ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» мутобиқи банди 14–и Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 24.09.2013 таҳти №842, ки фишурдаи мазмуни он: «Ҳар як унвонҷӯ вазифадор аст, ки зимни таҳияи рисолаҳои илмии худ аз сарчашмаву манбаъҳои илмии олимони кишварҳои гуногун иқтибосу далел оварад, бо ишораҳои махсуси қабулшуда», пешниҳод ва манзур мегардад.

Ҳол он ки «Диссернет» бо хулосаҳои беасоси худ рисолаҳои дифошудаи қабл аз ин қарорро мавриди санҷиш қарор додааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳимояи рисолаҳои номзадӣ давоми 5 — 10 соли охир тибқи муқаррароти қарори зикргардида ва талаботи ҳамон замон ташхис ва хулосабарорӣ карда мешуд. Вобаста ба натиҷагирии ҳалли масоили зикргардида илова намудан бамаврид аст, ки ташхису хулосабарории худи «Диссернет» дар мавриди рисолаҳои илмӣ ҳадди охир набуда, моҳияти тахминӣ доранд. «Сообщество Диссернет напоминает, что никакая проведенная им экспертиза не может считаться окончательной. Экспертиза носит предположительный (вероятностный) характер и основана на имеющемся в наличии объеме информации, полученной исключительно из открытых источников».

Гумони ғолиб ин аст, ки барои хонандаи бедордилу нафарони аз пайроҳаи илм гузашта зикри чунин санадҳои муҳими тасдиқкунандаи меъёрҳои мавҷуда басандаву қобили қабул аст…

Мутобиқи ташхиси бемантиқи ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» рисолаи илмии банда низ чанде пеш мавриди санҷишу натиҷагирӣ қарор гирифта, дар сомонаҳои иҷтимоӣ боиси муҳокимаи хонандагону ҳаводорон гардид. Ташхиси ин ташкилот бидуни меъёр ва хилофи қонунҳои амалкунандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия буда, ҳаққи муайяну арзиши чунин муқарраротро танҳо ин ниҳоди давлатӣ дорад, на ташкилоти ғайридавлатии «Диссернет».

Вобаста ба ҳалли мушкилоти бамиёномада ва тасдиқи андешаҳои боло чанде аз нуктаҳои муҳими изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳангомаҳои ташкилоти «Диссернет» бамавриду саривақтӣ мешуморам: «Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки аз ҷониби «Диссернет» оддитарин талаботи ахлоқи илмӣ риоя намешавад. Масалан, тибқи тартиби муқарраргардида, рисолаҳои илмӣ ба таври оммавӣ дифоъ гардида, ду ё се моҳ қабл аз дифоъ онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон дастрас карда мешаванд, то тақризҳои худро пешниҳод намоянд. Вале «Диссернет» ягон маротиба дар ин муҳлати муқарраршуда хулоса пешниҳод накарда, рисолаҳоеро ташхис мекунад, ки даҳсолаҳо пеш дифоъ гардидаанд ва дар асоси тартиби мавҷуда ба онҳо ягон кас ҳатто ҳуқуқи апеллятсия додан ҳам надорад. Ё худ, ахлоқи ҳамида талаб мекунад, ки ҳангоми ба кори илмӣ эътирозе доштан, бояд ба муаллифи он имкон дода шавад, то андешаи худро оид ба ин эътироз иброз намояд. Вале, мутаассифона, «Диссернет» рисолаҳоеро низ ташхис мекунад, ки муаллифони онҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд».

Паҳлуи муҳими дигари масъала ин аст, ки имрӯз ҳамагон кори «Диссернет»-ро ҳамлаи навбатии душманони миллат медонанд. Вале он чи ки «Диссернет» ошкор намуд, ҳаргиз ба илми асил иртиботе надорад. Болотар аз ҳама таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик бо илму олимон ва адабиёти пурғановаташ ифтихор дошту дорад.

                                                                                    З. РАҲМОНЗОДА,
раиси КИ ҲХДТ
 дар ш. Душанбе,
номзади илмҳои иқтисодӣ

Май 8, 2018 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард