Чемпионати ҷаҳон-2018: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика ва Сербия — дар гурӯҳи «Е»

Май 31, 2018 12:19

ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  14 рӯзи дигар боқӣ монд. Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи гурӯҳи »Е», ки дар он дастаҳои мунтахаби  Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика ва Сербия шомиланд, идома медиҳад.

Бозиҳои гурӯҳи «Е» аз 17 июн дар шаҳрҳои Самара ва Ростови лаби Дон шурӯъ гардида, 27 июн дар шаҳрҳои Москва ва Нижний Новгород ба анҷом мерасанд.

Дастаи мунтахаби Бразилия

Дастаи мунтахаби Бразилия аз ҳама дастаҳои мунтахаби ҷаҳон беҳтарин ба шумор меравад ва 5 маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овардааст. Албатта, дар гурӯҳи  «Е»  муддаии асосӣ барои ба даври дигар баромадан маҳз бразилиягиҳо ба ҳисоб мераванд.

Дастаи мунтахаби Бразилияро имрӯз бе Неймар тасаввур кардан нашояд. Дар ҳар давру замон кишвари Бразилия футболбозонеро ба майдон овардааст, ки  истеъдодашон  то ба ҳанӯз аз хотири мухлисону коршиносон фаромӯш  нашудааст. Аз замони Пеле то ба Роналдову Роналдинё, Ривалдову Роберто Карлос ва имрӯз –Неймар футболи ҷаҳон аз маҳорати фардии бозингарони Бразилия, ки  тарҳи навини бозиҳоро дар майдони футбол пиёда мекунанд ва батадриҷ аз худ навгонӣ боқӣ мегузоранд, маншаъ мегирад.  Дастаи мунтахаби Бразилияро  гоҳе «Селесао» ном мебаранду гоҳи дигар «Пантачемпиоз», ки маънояш  барандагони  унвони Чемпиони панҷкаратаи ҷаҳон мебошад.

Дастаи мунтахаби Бразилия имрӯз   дар раддабандии нави футболи  ҷаҳон дар зинаи 2 қарор дорад ва дар  таърихаш 151 маротиба дар ҷои аввал буд.

Дар чемпионатҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Бразилия  панҷ маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро дар солҳои 1958, 1962, 1970, 1994 ва соли 2002 ба даст овардааст. Бразилия дастае мебошад, ки дар ҳама бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон иштирок кардааст ва дар ҳама қитъаҳо, аз Амрико сар карда, то ба Осиё соҳиби медалҳои тиллову унвони чемпионӣ гардидааст. Дар  давраи Пеле бо ҳамроҳии бозингарони тақдирсоз -Гаринча ва Загало  дастаи мунтахаби Бразилия паи ҳам се маротиба унвони Чемпиони ҷаҳонро соҳиб шуда, тамоми мухлисони ҷаҳонро ба ваҷд оварда буд. Баъди ғалабаи сеюм дар Мексика соли 1970 Ҷоми ҷаҳон- Ҷоми Жюля Риме ба дастаи мунтахаби Бразилия барои нигаҳдории умрбод тақдим шуд.

Эдсон Арентес ду Насименту –шоҳи футболи ҷаҳон, мулаққаб ба Пеле аз синни 17-солагӣ ба дастаи мунтахаби Бразилия ҳамроҳ шуда, се маротиба соҳибунвони Чемпиони ҷаҳон, бозингари беҳтарини Чемпионати ҷаҳон, бозингари беҳтарини ҷавони Чемпионати ҷаҳон ва футболбози беҳтарини Амрикои Ҷанубӣ дар соли 1973 дониста шудааст.

Соли 2002. Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Япония. Охирин дастоварди назарраси дастаи мунтахаби Бразилия дар чемпионатҳои ҷаҳон ба ҳамин сол рост меояд.  Даста аз гурӯҳи С дастаҳои мунтахаби Туркия, Коста Рика ва Чинро паси сар гузошта, дар гурӯҳ бо касби 9 имтиёз садрнишин шуд ва аз роҳи худ дастаҳои мунтахаби Белгия, Англия ва бори дигар Туркияро дур сохта,  ба бозии финалӣ бо дастаи мунтахаби Германия вориди рақобат гардид.

Дар ҳузури беш аз 69 ҳазор мухлис дастаи мунтахаби Бразилия ҳарифи қудратманди худ- Германияро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод ва  панҷумин унвони худро ба даст овард. Дар ин вохӯрӣ боз як ситораи дигари футболи Бразилия – Роналдо Луис Назарио де Лима дурахшид ва дар дақиқаҳои 67-ум ва 79-ум голҳоро ба самар расонид. Он замон Роналдо бо 8 голи задааш сазовори «Кафши тилло» дониста шуд.

Дар чемпионатҳои баъдинаи ҷаҳон дастаи мунтахаби Бразилия ду маротиба ба бозиҳои 4/1-ниҳоӣ баромада, соли 2014 барандаи ҷои чорум шуд. Шикасти аз ҳама дардноки бразилиягиҳо маҳз дар Мундиали соли 2014, ки дар кишварашон баргузор шуд, ба ҳисоб меравад. Дар бозии нимфиналӣ дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Германия дар майдони Белу Оризонти бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Таърихи талху торик дастаи мунтахаби Бразилияро интизор буд. Беш аз 58 ҳазор мухлис дар ҳайрат афтода буд, ки чӣ тавр соҳибони Чемпионати ҷаҳон аз дақиқаи 11-ум сар карда, шармсору сарафканда мешаванд. Машинаи олмонӣ баъди голи задаи Мюллер дар дақиқаи 11-ум суръаташро баланд карда, бо голҳои Клозе дар дақиқаи 23-юм, Крос 24-ум ва 26-ум, Хедира 29-ум, Шюрле 69 ва 79 дили мухлисону бозингаронро сиёҳу тира кард. Ин яке аз бохтҳои дардноки дастаи мунтахаби Бразилия дар таърих ба ҳисоб меравад. Акнун навбати баргашту ситонидани ниқор дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018 фаро мерасад. Зеро футболбозони ҷавони дастаи мунтахаби Бразилия дар бозиҳои олимпии соли 2016 бо роҳандозии Неймар  медалҳои тилло ба даст оварданд.

Барои ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифтан соли гузашта барои Бразилия  душворӣ пеш наомад ва бо ҷои аввал аз гурӯҳи Амрикои Ҷанубӣ  ба Чемпионати чаҳон роҳхат гирифт.

Ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия

Дарвозабонҳо: Алиссон («Рома»), Эдерсон («Манчестер Сити»), Кассиу («Коринтианс»);

Муҳофизатгарон: Данило («Манчестер Сити»), Фагнер («Коринтианс»), Марсело («Реал»), Филипе Луис («Атлетико»), Тиаго Силва, Маркинос (оба – «ПСЖ»), Миранда («Интер»), Педро Жеромел («Гремио»);

Нимҳимоятгарон: Каземиро («Реал»), Фернандинё («Манчестер Сити»), Паулинё, Филиппе Коутинё (ҳар ду аз «Барселона»), Фред («Шахтер»), Ренато Аугусто («Бэйтсзин Гоан»), Виллиан («Челси»);

Ҳамлагарон:  Дуглас Коста («Ювентус»), Неймар (ПСЖ), Тайсон («Шахтер»), Габриэл Жезус («Манчестер Сити»), Роберто Фирмино («Ливерпул»).

Дастаи мунтахаби Сербия

Уқобони сафеди Сербия, ки дастаи мунтахаби Сербияро бо ҳамин лақаб ном мебаранд, таърихи дурударозе надорад. Сербҳо пештар дар ҳайати дастаи мунтахаби Югославия бозӣ мекарданд. Аз соли 2003  даста бо номи дастаи мунтахаби Сербия ва Черногория фаъолият кард. Тағйироти ҷуғрофии ин кишвар соли 2006-ум унвони имрӯзаи дастаи мунтахаби Сербияро бар ҷой гузошт ва дар бозиҳои байналмиллӣ то ҳол ширкат мекунад.

Сербҳо дар раддабандии нави Федератсияи футболи ҷаҳонӣ дар мақоми 35-ум маскан гирифтаанд ва оҳиста-оҳиста таърихи футболи кишварашонро нав месозанд. Чун дар оғоз зикр кардем, онҳо ҳунарнамоиашонро пештар дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Югославия ва Сербияву Черногория ба роҳ монда буданд.  Дастаи мунтахаби Сербия дар чемпионатҳои Аврупо дар солҳои 2008, 2012 ва 2016 роҳхат гирифта, дар гурӯҳ соҳиби зинаҳои сеюм ва чорум шудааст. Дар Чемпионатҳои ҷаҳон дастовардҳояш он қадар назаррас нестанд. Танҳо соли 2010 ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтаасту имсол низ ин дастовардро комёб гардидааст.

Масоили сиёсӣ барои дастаи мунтахаби Сербия монеа эҷод мекунанд. Ин даста бо ҳамсоякишварҳо вохӯриҳоро дар майдони футбол кам баргузор мекунад. Данко Лазович муаллифи аввалин голи дастаи мунтахаби Сербия ба шумор меравад. Бозингарони маъруфаш Бранислав Иванович, Неманя Видич, Милош Красич, Зоран Тошич ва Деян Станкович мебошанд.

Сербҳо дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 дар гурӯҳи «Д»-и Аврупо  бо ҳамроҳии дастаҳои мунтахаби Ирдандия, Уэлс, Австрия ва Гурҷистон бо ҳам рақобат карда, бо касби 21 имтиёз зинаи аввалро ишғол карданд. Аз 10 бозӣ дар 6 вохӯрӣ пирӯзи ба даст овардаву се вохӯриро мусовӣ ва танҳо дар як бозӣ мағлуб гардидаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Сербия

Дарвозабонҳо: Владимир Стойкович («Партизан»), Марко Дмитрович («Эйбар», Испания), Предраг Райкович («Маккаби», Тел-Авив, Исроил), Александар Йованович («Орхус»);

Муҳофизатгарон: Антонио Рукавина («Вилярреал», Испания), Александар Коларов («Рома», Италия), Милан Родич («Срвена Звезда»), Бранислав Иванович («Зенит», Россия), Урош Спаич («Краснодар», Россия), Матия Настасич («Шалке», Германия), Душко Тошич («Гуанҷоу», Чин), Милош Велкович («Вердер», Германия), Никола Миленкович («Фиорентина», Италия);

Нимҳимоятгарон: Лука Миливоевич («Кристалл Пэлас», Англия), Неманя Матич («Манчестер Юнайтед», Англия), Марко Груич («Ливерпул», Англия), Адам Ляич («Торино», Италия), Сергей Милинкович-Савич («Лацио», Италия), Душан Тадич («Саутгемптон», Англия), Мият Гачинович («Айнтрахт», Германия), Филип Костич («Гамбург», Германия), Андреа Живкович («Бенфика», Португалия), Неманя Радонич («Црвена Звезда»), Неманя Максимович («Валенсия», Испания);

Ҳамлагарон:Александар Митрович («Фулҳэм», Англия), Александар Прийович (ПАОК, Юнон), Лука Йович («Айнтрахт», Германия).

Дастаи мунтахаби Швейтсария

Дастаи дуюми аврупоие, ки дар ин гурӯҳ қарор дорад, Швейтсария аст, ки дар рақобатҳои гурӯҳӣ бо дастаи мунтахаби Португалия якҷо  буданд ва холҳои баробарро низ бо ҳам дидаанд. Дар мадори рейтинги ҷаҳонии ҷойгиршавии дастаҳо  дастаи мунтахаби Швейтсария  дар ҷаҳон дар мақоми ҳаштум аст ва ин натиҷаи хеле намоён ба шумор меравад. Дар чемпионатҳои ҷаҳон ҳунарнамоиаш назаррас нест. 10 маротиба ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтааст ва се маротиба солҳои 1934, 38 ва 54 то ба чорякфинал баромадааст. Аммо бозии охирини  ин даста дар Чемпионати Аврупои соли 2016 ва роҳхаташ то ба 1/8-финал ба дили мухлисонаш орзуҳоро мепарварад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Швейтсария ситораҳои намоёни футбол каманд, аммо ҳастанд нафароне, ки онҳоро мухлисон хуб мешиносанд. Дар ин даста дарвозабон Ян Зомер, узви дастаи «Боруссия»-и Олмон бозӣ мекунаду Стефан Лихштайнер дар «Ювентус», Фабиан Шёр дар «Депоративо»-ю Ҷердан Шакирӣ дар «Сток Сити», Гранит Ҷака дар «Арсенал»-у Адмир Меҳмадӣ дар «Байер». Ба ҳар навъ ин футболбозон дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018  аз худ номи нек  боқӣ хоҳанд гузошт.

Барои швейтсариҳо бозӣ бо дастаи мунтахаби Бразилия, ки дар як гурӯҳ мебошад,  нуҳумин вохӯрӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин пештар ин дастаҳо дар ҳашт вохӯрӣ се мусовӣ кардаанду ду ғалаба бо номи Шсейтсария ва се ғалаба аз ҷониби Бразилия ёд мешавад. 10 гол бразилиягиҳо задаанду 8 тӯб футболбозонии Швейтсария. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қувваи Швейтсария барои рақобат кардан бо дастаҳои гурӯҳи «Е» баробар аст. Охирин бозиашро Швейтсария  бо дастаи мунтахаби Бразилия соли 2013 анҷом додааст, ки бо ғалабаи Шветсария бо натиҷаи 1:0 дар таърих сабт шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Швейтсария

Дарвозабонҳо: Роман Бюрки («Боруссия», Дортмунд, Германия), Грегор Кобел («Хоффенхайм», Германия), Ивон-Ландри Мвого («Лейпсиг», Германия), Янн Зоммер («Боруссия», Мёнхенгладбах, Германия);

Муҳофизатгарон: Мануэл Аканҷи («Боруссия», Дортмунд, Германия), Йоан Ҷуру («Анталяспор», Туркия), Нико Элведи («Боруссия», Мёнхенгладбах, Германия), Михаэл Ланг («Базел»), Штефан Лихтштайнер («Ювентус», Италия), Франсуа Мубанҷе («Тулуза», Франсия), Рикардо Родригес («Милан», Италия), Фабиан Шер («Депортиво», Испания), Силван Видмер («Удинезе», Италия);

Нимҳимоятгарон: Валон Баҳромӣ («Удинезе», Италия), Блерим Джемайли («Болоня», Италия), Эдмилсон Фернандеш («Вест Хэм», Англия), Желсон Фернандеш («Айнтрахт», Германия), Ремо Фройлер («Аталанта», Италия), Ҷердан Шакирӣ («Сток Сити», Англия), Гранит Ҷака («Арсенал», Англия), Стивен Субер («Хоффенхайм», Германия), Денис Закариа («Боруссия», Мёнхенгладбах, Германия);

Ҳамлагарон: Йосип Дрмич («Боруссия», Мёнхенгладбах, Германия), Брел Эмболо («Шалке», Германия), Марио Гавранович («Динамо», Загреб, Хорватия), Харис Сеферович («Бенфика», Португалия).

Дастаи мунтахаби Коста-Рика

Дастаи мунтахаби Коста Рика -намояндаи КОНКАКАФ метавонад дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018 ҳангомае аз худ боқӣ гузорад. Аз Чемпионати соли 2002 инҷониб Коста Рика дар ҳамаи бозиҳои ниҳоӣ иштирок дорад ва имсол низ чунин дастовардро ноил гардид. Аз ҷониби мутахассисони футбол дар гурӯҳи «Е» Коста Рика  нисбат ба Швейтсария ва Сербия нуфузаш поёнтар арзёбӣ мегардад.

Дастаи мунтахаби Коста-Рика чемпиони секаратаи миллатҳои КОНКАКАФ ба шумор меравад, ки охирин ғалабааш ба соли 1989 рост меояд. Ин даста аз соли 1990 дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон ширкат менамояд. Соли 1990 Коста-Рика баъди ғалаба бар Шотландия ва Шседсия то бозиҳои 8/1- финалӣ расид. Солҳои 2002 ва 2006 аз марҳалаи гурӯҳӣ набаромад. Соли 2014 дастаи мунтахаби Коста Рика бо се дастаи чемпиони ҷаҳон – Италия, Англия ва Уругвай дар як гурӯҳ ҷойгир шуд ва Уругвайро бо натиҷаи 3:1 мағлуб карда, бар Италия бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва ба бозии 8/1- ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Юнон Коста Рика 10 нафара тавонист баъди зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ ба ғалаба комёб гардад ва ба бозии ¼- ниҳоӣ роҳхат гирад.

Бахти футболбозони Коста Рика дар бозии чорякниҳоӣ нахандид ва аз силсилаи зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ аз дастаи мунтахаби Ҳоланд бо нишондоди 4:3 мағлуб шуд. Ин дастоварди беҳтарини Коста Рика дар чемпионатҳои ҷаҳон мебошад.

Дарвозабони даста Кейлор Навас дар дастаи «Реал»-и Мадрид бозӣ мекунад. Ҳамчунин футболбозони шинохтаи ин даста Ҷанкарло Гонсалес аз «Болоня», Кристиан Гамбоа аз «Селтик», Селсо Борхес аз «Депортиво» ва Брайн Руис аз «Спортинг»  маҳаки асосии дастаи Коста- Рика мебошанд

Дастаи мунтахаби Коста-Рика дар радабандии Федератсияи футболи ҷаҳони дар зинаи 25-ум мавқеият дорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Коста-Рика

Дарвозабонҳо: Кейлор Навас («Реал»), Патрик Пембертон («Алахуэленсе»), Леонел Морейра («Эредиано»),

Муҳофизатгарон: Кристиан Гамбоа («Селтик»), Ян Смит («Норрчёпинг»), Роналд Матаррита («Ню-Йорк Сити»), Брайан Оведо («Сандерленд»), Оскар Дуарте («Эспанол»), Ҷанкарло Гонсалес («Болоня»), Франсиско Калво («Миннесота Юнайтед»), Кендалл Уостон («Ванкувер Уайткэпс»), Ҷонни Акоста («Рионегро Агилас»);

Нимҳимоятгарон: Давид Гусман («Портленд Тимберс»), Елцин Техеда («Лозанна»), Селсо Борхес («Депортиво»), Рэндалл Асофейфа («Эредиано»), Родни Уоллэс («Ню-Йорк Сити»), Брайан Руис («Спортинг»), Даниэл Колиндрес, Кристиан Боланос (ҳар ду аз  «Саприсса»),

Ҳамлагарон: Йохан Венегас («Саприсса»), Жоэл Кэмпбелл («Бетис»), Марко Уреня («Лос-Анҷелес»).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «Е»

17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия
17 июн. 23.00. Ростови лаби Дону. Бразилия – Швейтсария
22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика
22 июн. 23.00.  Калининград.  Сербия – Швейтсария
27 июн. 23.00. Москва. «Спартак».  Сербия – Бразилия
27 июн.    23.00.  Нижний Новгород.  Швейтсария – Коста-Рика

 

 

Май 31, 2018 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид