Чемпионати ҷаҳон-2018: Гурӯҳи «С» ба муаррифӣ ниёз дорад

Май 26, 2018 09:56

ДУШАНБЕ, 26.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  19 рӯзи дигар боқӣ монд. Аловиддин БӮРИЕВ, шореҳи футболи АМИТ «Ховар», шарҳи худро дар бораи гурӯҳи «С», ки дар он дастаҳои мунтахаби  Франсия, Австралия, Перу ва Дания қарор доранд,  пешниҳод менамояд

Дар гурӯҳи «С» ба ғайр аз дастаи мунтахаби Франсия, ки унвони Чемпиони ҷаҳонро ҳанӯз соли 1998 комёб гардидааст, ҷоизадори дигар ҷой надорад. Аз рӯи тахмини коршиносони футбол  ҳама дастаҳои   ин гурӯҳ имконияти баробар доранд. Аммо дастаи мунтахаби Франсия бо таҷрибаю малака ва салобати худ дар дили мураббиёну футболбозони ҳамгурӯҳаш тарсу бим ва ларза (мондраж) даровардааст.

 ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФРАНСИЯ

Франсия дар таърихи футболи ҷаҳон  сатрҳои рангинро  навишта,  барои равнақи бозии рақами яки сайёра саҳми беандоза гузоштааст. Аз соли 1904 инҷониб узви Федератсияи байналмилалӣ футбол мебошад. Ҳоло ин даста  дар радабандии футболи ҷаҳон дар зинаи 7 –ум қарор дорад.  Аввалин маротиба соли 1930-юм дар Чемпионати якуми ҷаҳон, ки дар Уругвай баргузор шуд,  ин даста  дар қатори чор дастаҳои мунтахаби Аврупо ширкат кард, аммо то соли 1958 франсавиҳо  дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ягон дастоварди назаррасеро соҳиб нашудаанд. Маҳз дар Шведсия соли 1958 футболбозони франсавӣ аввалин маротиба ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор гардиданд.  Ин ягона медале буд, ки дастаи мазкур то соли 1986 комёб гардид. Бартарии  дастаҳои мунтахаби футболи  дигари ҷаҳон ба Франсия имкон намедоданд, ки соҳиби медалҳо гардад.  Аз ҷумла, дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳони соли 1982 франсавиҳо дар бозии нимфиналӣ бо дастаи мунтахаби Германия натиҷаи ҳайратоварро нишон доданд. Ду қисми вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расид. Дар ин вохӯрӣ Пер Литбарски ҳисобро боз намуд ва Мишел Платини баъдан онро баробар кард. Дар қисми  иловагии якум футболбозони Франсия баъди голҳои Мариус Трезор ва Ален Жиресс бо натиҷаи 3 бар 1 ба сафи пеш баромаданд. Аммо Карл Хайнтс Руминиге ва Клаус Фишер натиҷаро аз нав мусовӣ гардониданд. Бахт аз футболбозони фаронсавӣ рӯ тофт ва дар натиҷа баъди силсилазарбаҳои 11 метра Германия бо ҳисоби 5 бар 4 ғолиб омад. Дар бозӣ барои мақоми сеюм франсавиҳо аз дастаи мунтахаби Полша бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб шуданд. Ин қадами хеле устувор барои солҳои оянда гардид. Баъди 2 сол Франсия  дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо, ба ҳайси мизбон аввалин унвони чемпионии ин қитъаро сазовор гашт.

Дар ҳама бозиҳои ин даста Мишел Платини, ки дар дастаи Ювентус бозӣ мекард, аз майдон бе гол берун намешуд ва ду маротиба  хет трик кард ва худи ҳамон сол барандаи ҷоизаи «Тӯби тилло»-и гардид.

Дар Чемпионати ҷаҳони соли 1986, чемпионате, ки Диего Армандо Марадона номи худро дар таърих сабт кард,   футболбозони Франсия аз нав медалҳои биринҷиро ба худ ихтисос доданд.

Дар вохӯрии нимфиналӣ боз дастаи мунтахаби Германия пеши роҳи франсавиҳоро боздошт ва  бо натиҷаи 2 бар 0 дастболо гардид. Барои ҷои сеюм футболбозони Франсия аз Белгия беҳтар буданд ва бо нишондоди 4 бар 2 ғолиб омаданд.

Аз соли 1996 то соли 2006 дар таърихи футболи Франсия футболбози шӯҳратёр Зениддин Зидан чун ситора дурухшид. Бо омадани як қатор бозингарони ҷавон чун Зениддин Зидан, Десаи, Тюрам, Лизарразю, Папен ва чанде дигар бозии франсавиҳо хеле беҳтар шуд. Онҳо соли 1996 ба гирифтани медалҳои биринҷии Чемпионатии Аврупо мушарраф шуданд.   Баъди 2 сол ин дастаи таъсисдодаи  мураббӣ  — Эмме Жаке қодир шуд, ки унвони Чемпионии ҷаҳонро бори аввал дар таърих ба даст орад.

Дар бозии финалӣ бо дастаи мунтахаби Бразилия футболбозони Франсия бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ду  тӯбро  Зиниддин Зидан дар дақиқаи 27-ум ва дақиқаи аввали вақти иловашуда ва Эмануэл Пэти дар нимаи дуввум ба ҳадаф расониданд.

Соли 2000 –ум  дар Чемпионати навбатии Аврупо дастаи мунтахаби Франсия бо сари баланд, баъди унвони чемпионии ҷаҳонро соҳиб шудан, Чемпиони Аврупо гардид. Дар ҷараёни ин бозиҳо футболбозони Франсия дар бозии нимфиналӣ ва финалӣ бо задани голи тиллоӣ, ки он вақт дар қоидаи баргузории бозиҳо тағйирот ворид шуда буд, ба комёбӣ муваффақ шуданд. Таърихи футболи ҷаҳон нишон медиҳад, ки то ин муваффақияти дастаи мунтахаби Франсия, танҳо ба футболбозони Олмон муяссар гардида буд , ки паи ҳам унвони чемпионии ҷаҳон ва Аврупоро ба даст оранд.

Соли 2006 ҳам барои футболбозони Франсия бобарор буд. Дастпарварони Раймонд Доминек дар ин чемпионат мақоми дуюмро соҳиб шуда, медалҳои нуқраро ба даст оварданд. Дар ҳайат чун дар соли 2002 футболбозони солдида бозӣ мекарданд, ки ба ин қатор Зениддин Зидан ва Лилиан Тюрами 34 -сола, Клод Макелелеи 33 — сола ва Патрик Вейраи 30 — соларо ном бурдан мумкин аст.

Агар мухлисони футбол дар ёд дошта бошанд, маҳз дар ҳамин вохӯрӣ Зениддин Зидан баъди ба доми таънаҳои футболбози итолиёвӣ Метератси афтодан, дағалӣ кард ва аз майдон ронда шуд. Шояд ҳамин фоҷиа таъсири худро ба дастаи мунтахаби Франсия расонд, ки дигар ин даста муддати тӯлонӣ  ҷои пешсафии худро ба дигар дастаҳо дод.

Соли 2016 кишвари Франсия аз нав мизбони бозиҳои финалии  Чемпионати Аврупо гардид. Футболбозони ин кишвар ба гирифтани  унвони дувуми Чемпиони Аврупо наздик буданд, аммо дастаи мунтахаби Португалия  ин  имкониятро аз  онҳо гирифт. Ягона голи задаи Эдер дар дақиқаи 109-уми вохӯрӣ Португалияро чемпион карду Франсияро ноиби Чемпион.

Ҳайати даста мунтахаби Франсия дар Чемпионати ҷаҳон-2018:

Дарвозабонҳо: Алфонс Ареола («ПСЖ»), Уго Лорис («Тоттенҳэм»), Стив Манданда («Марсел»);

Муҳофизатгарон: Лукас Эрнандес («Атлетико»), Преснел Кимпембе («ПСЖ»), Бенжамен Менди («Манчестер Сити»), Ҷибрил Сидибе («Монако»), Адил Рами («Марсел»), Бенҷамен Павар («Штутгарт»), Самуэл Юмтити («Барселона»), Рафаэл Варан («Реал»);

Нимҳимоятгарон: Блез Матюиди («Ювентус»), Пол Погба («Манчестер Юнайтед»), Н`Голо Канте («Челси»), Корентин Толиссо («Бавария»), Стивен Н`Зонзи («Севиля»);

Ҳамлагрон: Оливе Жиру («Челси»), Антуан Гризманн («Атлетико»), Усмон Дембеле («Барселона»), Тома Лемар («Монако»), Килиан Мбаппе («ПСЖ»), Флорян Товен («Марсел»), Набил Фақир («Лион»);

 

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ДАНИЯ

Дастаи мунтахаби Дания як аср пеш,  соли 1908 ду маротиба дастаи мунтахаби Франсияро бо натиҷаи 9 бар 0 ва 17 бар 1 шикаст дод.

Ин даста  яке аз пешоҳангони футболи ҷаҳон мебошад. Ин намуди варзишро мардумаш дӯст медоранд ва барои ривоҷаш кӯмак мерасонанд.  Ҳарчанд футбол рӯ ба инкишоф ниҳодааст, аммо ғайрикасбӣ будани футбол  дар ин кишвар онро  аз қатори грандҳои футболи ҷаҳон каме дур мекашад. Ба ғайрикасбӣ буданаш нигоҳ накарда, дастаи мунтахаби Дания оид ба футбол солҳои 1908, 1912 ва 1960 ба гирифтани унвони ноиби чемпиони олимпӣ ё барандаи медалҳои нуқра гардидааст. Соли 1948 медалҳои биринҷии бозиҳои олимпиро низ ба сабади дастовардҳояш ворид намудааст.

Солҳои 70-уми асри гузашта, баъди он ки ҳукумати ин кишвар барои бозингарон ҳаққи иштирокро дар дастаҳои хориҷӣ иҷозат дод,  дар ин ҷо футболбозони касбию номӣ ба камол расиданд.

Соли 1977 Алан Сименсон  беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи «Тӯби тилло»-ӣ гардид. Микаэл Лаудруп, Пребен Элкяер, Мартен Олсен ва як қатор бозингарони дигарро дар ҷоҳон шинохтанд.

Соли 1984 Дания то бозиҳои нимфиналии Ҷоми Аврупо расида, соли 1986 ба даври дувуми бозиҳои Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт.

Аммо натиҷаи аз ҳама намоёни ин даста ба соли 1992 рост меояд. Ҳарчанд дастаи мунтахаби Дания ба бозиҳои финалии Чемпионати Аврупо роҳхат нагирифт, аз сабаби аз бозиҳо ронда шудани  дастаи мунтахаби Югославия Данияро ба бозиҳои финалӣ даъват карданд ва ин даста ғайричашмдошт унвони Чемпиони Аврупоро ба даст овард.

Дар чемпионати Аврупо дастаи мунтахаби Дания то ба бозии финалӣ омадан бо дастаҳои мунтахаби Шведсия, Франсия ва Англия дар як гурӯҳ қарор дошта,  аз зинаи дувум роҳи худро ба финал ҳамвор кард. Дар бозии ниҳоӣ дар ҳузури беш аз 37 ҳазор тамошобин  футболбозони Дания бар Германия  бо ҳисоби 2:0 зафар ёфта, Чемпиони Аврупо гардидаанд. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Йенсен дар дақиқаи 19-ум ва Вилфорт дар дақиқаи 79 ба ҳадаф расониданд.

Соли 1993 ин даста Ҷоми Конфедератсияи футболро сарфароз гардид. Баъдан соли 1998 футболбозони Дания дар Чемпионати ҷаҳони соли 1998 то марҳалаи чорякниҳоӣ расида, аз дастаи мунтахаби Бразилия мағлуб гаштанд. Ин ҳунарнамоии номоёну шоёни дастаи мунтахаби Дания дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Бародарон Микаэл ва Брайн Лаудрупҳо аз даста рафтанд ва дастаи мунтахаби Дания дигар дар бозиҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил нагардид.

Соли 2010 футболбозони ин кишвар мустақиман ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба Африқо омаданд. Агар дастаи мунтахаби Камерунро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда бошанд, аз Япония бо натиҷаи 3 бар 1 ва аз Ҳоланд бо нишондоди 2 бар 0 мағлуб гардида, ба ватан баргаштанд.

Дар чемпионати Аврупо низ дар бозиҳои финалӣ ба онҳо имкон нашуд, ки аз гурӯҳ ба бозиҳои плей оф бароянд. Ин даста ба бозиҳои финалии Чемпионати Аврупои соли 2016 ҳам баромада натавонист.

Ҳоло дастаи мунтахаби Дания тибқи радабандии ФИФА дар мақоми-12 ҷойгир шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Дания дар Чемпионати ҷаҳон-2018:

Дарвозабонҳо: Фредерик Реннов («Брондбю»), Йеспер Хансен («Мидтюлланд»), Йонас Лессл («Хаддерсфилд»), Каспер Шмейхел («Лестер»);

Муҳофизатгарон: Андреас Белланн («Брентфорд»), Андреас Кристенсен («Челси»), Хенрик Далсгор («Брентфорд»), Янник Вестергор («Боруссия» М), Йенс Стрюгер Ларсен («Удинезе»), Йонас Кнудсен («Ипсвич Таун»), Матиас Йоргенсен («Хаддерсфилд Таун»), Николай Бойлесен, Петер Анкерсен (ҳар ду аз  «Копенгаген»), Ризо Дурмисӣ («Бетис»), Симон Кйер («Севиля»);

Нимҳимоятгарон: Кристиан Эриксен («Тоттенҳэм»), Даниэл Васс («Селта»), Лассе Шене («Аякс»), Лукас Лерагер («Бордо»), Матиас Йенсен («Норшелланн»), Микаэл Крон-Дели («Депортиво»), Майк Йенсен («Русенборг»), Пер Эмил Хойберг («Саутгемптон»), Томас Дилейни («Вердер»), Виллям Квист («Копенгаген»);

Ҳамлагарон: Андреас Корнелиус («Аталанта»), Каспер Долберг («Аякс»), Кеннет Зохоре («Кардифф»), Мартин Брейтуэйт («Бордо»), Никлас Бентнер («Русенборг»), Николаи Йоргенсен («Фейенорд»), Пионе Систо («Селта»), Роберт Сков, Виктор Фишер (ҳар ду аз «Копенгаген»), Юссуф Поулсен («Лейпсиг»).

ДАСТАИ МУТАХАБИ АВСТРАЛИЯ

Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Австралия қитъаи Осиёро муаррифӣ мекунад. Назарҳо чунинанд, ки дастаи мунтахаби Австралия дар баробари мунтахабҳои Дания ва Перу ба бартарият соҳиб аст ва   маҳз аз ин гурӯҳ Франсия ва Австралия метавонанд ба бозиҳои 8/1 ниҳоӣ роҳхат гиранд.

Футбол дар  ин кишвар  аз соли 1922 инҷониб  рушд карда, австрягиҳо  аввалин маротиба дар бозиҳои байналмилалии сатҳи олӣ дар бозиҳои олимпии соли 1956 иштирок кардаанд. Аммо мавқеи ҷуғрофиаш барои тараққии футбол монеа эҷод мекард. Ҳарчанд тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ ба Аврупову Осиё рафтани дастаҳои ин кишвар душворӣ надошт, вале австралиягиҳо барои ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон рафтан аввал монеаи дастаҳои мунтахаби Осиёро бояд мегузаштанд.

Солҳои 1966 ва 1970 маҳз дастаҳои мунтахаби Осиё-мунтахаби Корея  ва Исроил дар бозиҳои плей оф пеши роҳи ин дастаро боздоштанд. Вале ба Сокеруз (мунтахаби Австралияро чунин меноманд) муяссар шуд, ки соли 1974 ба Чемпионати ҷаҳон, ки дар Олмон барпо шуд, роҳхат гирад. Дастаҳои мунтахаби Олмон ва Германияи Демократӣ бо Чилӣ дар гурӯҳ аз беҳтаринҳо буданд ва имкон надоданд, ки Австралия ба даври дигар гузарад.

Минбаъд бозиҳо дастаи мунтахаби Австралияро дар солҳои 1986 аз ҷониби Шотландия, соли  1994 Аргентина,соли  1998 Эрон ва соли 2002 Уругай аз роҳи роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон маҳрум карданд.

Соли 2005 дастаи мунтахаби Австралия минтақаи Уқёнусро тарк карда,  ба Конфедератсияи футболи Осиё ҳамроҳ шуд ва Ба як маъно роҳи онҳоро   ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон рафтан кушода кард.

Ба ҳамин тартиб соли 2006 дастаи мунтахаби Австралия таҳти роҳбарии Гус Ҳиддинг ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифта,  дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Бразилия, Япония ва Хорватия шомил шуд. Аввалин ғалаба бо натиҷаи 3 бар 1 бар японҳо ва мусовӣ бо хорватҳо бо ҳисоби 2 бар 2 ва бохт аз дастаи мунтахаби Бразилия бо натиҷаи 3 бар 2 онҳоро ба бозии минбаъда баровард.

Дар бозии плей оф бо дастаи мунтахаби Италия пеналтии шубҳанок дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ Сокерузро аз идома додани бозиҳо боздошт.

Соли 2010 ҳам дастаи мунтахаби Австралия аввалин шуда аз Осиё роҳхати мустақимро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар Африқои ҷанубӣ ба даст овард. Ин навбат даста аз марҳалаи гурӯҳӣ ба бозиҳои плей оф баромада натавонист. Баъди як сол дар Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Австралия мақоми дуюмро ба худ ихтисос дод.

Соли 2016 футболбозони Австралия, ки бо ба Конфелератсияи футболи Осиё гузуштанашон масъалаи ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон баромаданро хеле осон карданд, боз ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифтанд ва ба Бразилия омаданд. Дар гурӯҳ австралиягиҳо бо дастаҳои муқтадир чун  Испания, Ҳоланд ва Чилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар ҳар се бозӣ ба мағлубият дучор гардиданд. Бо натиҷаи  3:0 аз Испания , 3:1 азЧилӣ ва 3:2 аз Ҳоланд.

Сармурабии даста Анге Пастеоглу аз ҳамон чемпионати гузашата  то ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифтан  дастаро машқ медод. Соли 2015 дар Чемпионати Осиё, ки дар Австалия барпо гардид, дастаи мунтахаби Австралияро ба  аввалин унвони Чемпиони Осиё комёб кард. Федератсияи футболи Австралия барои боз ҳам натиҷаи хуб нишон дода, дар Чемпионати ҷаҳон-2018 сармураббии дастаро иваз кард.  Ҳоло мутахассиси ҳоландӣ Берт ван Марвейк ин дастаро машқ медиҳад.

Ҳайти дастаи мунтахаби Австралия дар Чемпиоанти ҷаҳон-2018:

Дарвозабонҳо: Брэд Ҷонс («Фейенорд»), Мэттю Райан («Брайтон»), Дэнни Вукович («Генк»);

Муҳофизатгарон: Азиз Бехич («Бурсаспор»), Милош Дегенек («Йокогама»), Мэттью Юрман («Сувон»), Джеймс Мередит («Миллуолл»), Джош Рисдон («Уэстерн Сидней»), Трент Сейнсбери («Грассхоперс»), Фран Карачич («Локомотив» Х);

Нимҳимоятгарон: Джошуа Бриллант («Сидней»), Миле Единак («Астон Вилла»), Ҷексон Ирвайн («Халл»), Робби Круз («Бохум»), Массимо Луонго (КПР), Марк Миллиган («Алаҳлӣ»), Аарон Муй («Хаддерсфилд»), Том Рогич («Селтик»), Джеймс Троизи («Мелбурн»);

Ҳамлагарон: Тим Кэхилл («Миллуолл»), Томи Юрич («Лютсерн»), Мэттю Леки («Герта»), Эндрю Наббут («Урава»), Никита Рукавитса («Маккаби» Хайфа), Димитри Петратос («Нюкасл Ҷетс»), Дэниел Арзани («Мелбурн»).

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ПЕРУ

Охирин дастае, ки дар гурӯҳи С ҳузур дорад, ин дастаи Перу мебошад. Ин даста аз соли 1927 дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат менамояд. Дастовардҳояш дар робита ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон он қадар назаррас нестанд. Ҳамагӣ чор маротиба тавонистааст, ки дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ширкат намояд. Ба даста Рикардо Гарека аз Аргентина машқ медиҳад.

Дастаи мунтахаби Перу ду маротиба дар мусобиқоти Ҷоми Амрикои ҷанубӣ ба ғолибият сарфароз гардидааст. Аслан рақибони асосии ин даста футболбозони ҳамсоякишвар -Чилӣ ва Эквадор ба ҳисоб мераванд. Дастаро Ла бланқюроха низ ном мебаранд, ки маънояш сурху сафедист.

Ҳанӯз соли 1930 дастаи мунтахаби Перу дар аввалин бор дар Чемпионати 15-уми Амрикои ҷанубӣ ширкат варзида, шаҳди пирӯзӣ чашид. Ин даста дар бозиҳои олимпии солҳои 1936 ва 1960 низ иштирок намуд. Аммо натиҷаҳои аз ҳама намоён маҳз баъди солҳои 70-уми асри гузашта насиби ин даста шуданд. Солҳои 1970, 1978 ва 1982 футболбозони Перу ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифта, соли 1975 соҳиби унвони Чемпиони Амрикои Ҷанубӣ гаштанд. Дастовардҳояш дар бозиҳои Чемпионати Амрикои ҷанубӣ назаррасанд. Шаш маротиба барандаи медалҳои биринҷӣ шудааст, ки охиринаш ба соли 2015-ум рост меояд.

Дар Чемпионатҳои ҷаҳони соли 1970 ва 1978 футболбозони Чилӣ то марҳалаи чорякниҳоӣ расидаанд.

Пас аз Чемпионати ҷаҳони соли 1982 бо ҷурми ришваситони федератсияи футболи Перу ҳуқуқи иштирокро дар бозиҳои байналмилалӣ аз даст дод. Соли  2011 баъди баргаштан ба футболи байналмилалӣ дастаи мунтахаби Перу дар Чемпионати Амрикои ҷанубӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Аммо то Чемпионати ҷаҳони соли 2018 ин даста имкони ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон баромаданро соҳиб нагардидааст.

Теофилё Кубилас нишонзани беҳтарини дастаи мунтахаби Перу дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ӯ ба дарвозаи ҳарифон 10 тӯб задааст. Дар маҷмӯъ, дар ин нишондод Хосе Пауло Герреро бо 32 голи задааш дар 79 бозӣ пешсафи мутллақ аст. Хоссе Гереро бо ҷурми истифодаи кокоин дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Аргентина 6 октябри соли 2017 ба муҳлати як сол аз бозиҳо аз Ҷониби Федартсияи байналмилалии футбол дур карда шуд ва дар бозиҳоии финалии Ҷоми ҷаҳон дар Россия иштирок намекунад.  Сармурабии даста Рикардо Гарека аз ҳайати  дастаи мунтахаби Перу умеди калон дорад. Баъди 36 сол  як гурӯҳ ҷавонон ба бозиҳои ниҳоӣ баромадани дастаро таъмин кардаанд ва ба дили мухлисонашон тухми умед кориданд.

Дастаи мунтахаби  Перу:

Дарвозабонҳо  — Педро Гальесе («Веракрус»), Хосе Карвальо («Университарио»), Карлос Каседа («Университарио»);

Муҳофизатгарон — Луис Абрам («Велес Сарсфилд»), Луис Адвинкула («Лобос БУАП»), Мигель Араухо («Алянса Лима»), Алдо Корсо («Университарио»), Нилсон Лойола («Мелгар»), Кристиан Рамос («Веракрус»), Альберто Родригес («Атлетико Хуниор»), Андерсон Сантамария («Пуэбла»), Мигель Трауко («Фламенго»);

Нимҳимоятгарон — Педро Акино («Лобос БУАП»), Вилдер Картахена («Веракрус»), Кристиан Куэва («Сан-Паулу»), Эдисон Флорес («Ольборг»), Паоло Уртадо («Витория»), Серхио Пенья («Гранада Б»), Анди Поло («Портленд Тимберс»), Ренато Тапиа («Фейеноорд»), Йосимар Йотун («Орландо Сити»);

Ҳамлагарон — Паоло Герреро («Фламенго»), Андре Каррильо («Бенфика»), Рауль Руидиас («Морелия»), Джефферсон Фарфан («Локомотив»).

 

 

Май 26, 2018 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид