Дар Бонки миллӣ дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардид

Май 12, 2018 09:18

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, бахусус дар бахши иқтисодиёт ва молия дар мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевич мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дурнамои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, тадбирҳои андешидашуда дар даврони буҳрони иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳот дар низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ бо истифодаи фишангҳои муосир, гузаштан ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалиро махсусан зикр кард.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  Ҳидоят Бишчевич дар навбати худ изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи судманд ва тавсеа ёфтани онҳо ҳавасманд мебошад. Бо дарназардошти муҳиммияти рушди босубот барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо омода аст дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» ҳамкориро дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ монад.

Ҳ. Бишчевич инчунин зикр намуд, ки дар доираи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020» Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расидааст, ки мутобиқи он, ба Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 маблағҳои грантӣ равона шуда истодаанд.

Бо иттилои манбаъ, дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории сифатан нав, дастгирӣ ва пешниҳоди кумакҳо, инчунин ҷалби сармоя ҷиҳати пешбурди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд. Ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки самтҳои афзалиятнок ва бахшҳои ба рушд эҳтиёҷдоштаро муайян намуда, дар якҷоягӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ хоҳанд андешид.

 

Май 12, 2018 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад