Дар Душанбе Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ба кори худ шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ва нахустин Анҷумани асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.
Тавре хабарнигори АМИТ» Ховар» аз ҷараёни ин чорабинӣ иттилоъ дод, конфронс ва анҷумани мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди илми асабшиносӣ дар кишвар баргузор мегарданд.
Яке аз масъулини баргузории ин чорабинӣ, мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Раҳматулло Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар анҷуман масъалаҳои мубрами соҳаи асабшиносӣ — яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
«Дар анҷумани имрӯза зиёда аз 20 нафар олимони забардасти соҳаи асабшиносӣ аз кишварҳои хориҷ иштирок доранд. Онҳо атрофи мушкилоти соҳаи асабшиносӣ, инноватсия ва навовариҳо дар соҳаи асабшиносӣ суҳбат хоҳанд кард, ки ба манфиати илми асабшиносии кишвар аст»,- таъкид дошт Раҳматулло Раҳмонов.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки баргузории конфронс ва анҷуман равобити асабшиносони тоҷик бо олимони минтақа ва ҷаҳонро зичтар гардонида, барои рушди илми асабшиносӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ду рӯз давом мекунад.










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






