Дар ноҳияи Шуғнон дониши довталабони квотаи президентӣ санҷида шуд
ХОРУҒ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Литсеи техникии деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон бо ширкати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши довталабоне, ки мутобиқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ шомил мешаванд, санҷида шуд.
Узви гурӯҳи корӣ Лутфулло Ниёзов гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ин ё он деҳоти дурдаст бо мутахассисони варзида, ҳамчунин ҷалби ҳарчи бештари духтарони манотиқи кӯҳистони кишвар ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ омӯзиш тавассути квота муқаррар карда шуд. Баъдан барои писарон низ чунин имтиёз муқаррар гардид. Ҳоло бештар аз 20 сол боз ин қарор амал мекунад ва давоми ин солҳо садҳо нафар аз духтарону писарони деҳоти дурдаст соҳиби ихтисос гардида, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Довталабоне, ки имрӯз холҳои аз ҳама бештар гирифтанд, ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ бе супурдани имтиҳони тестӣ дохил шуда, дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ ва хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Бар ивази ин ғамхорӣ довталаб бояд баъди хатми донишгоҳ се сол дар маҳали зисти худ мувофиқи касбаш кор кунад.
«Соли равон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шуғнон 17 ҷой- барои 9 духтар ва 8 писар пешниҳод гардид, аммо шумораи довталабон барои ба даст овардани квотаи президентӣ то ба 80 нафар расид. Аз як ҷиҳат ин хуб аст. Зеро намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар имкон доранд, ки аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намоянд»,-изҳор дошт Лутфулло Ниёзов.
Санҷиши донишу истеъдоди довталабон дар ҳузури волидон баргузор гардида, худи ҳамон рӯз ҷамъбаст гардид. Муъминшо Муъминшоев, ки духтараш нисбат ба дигарон холи бештар гирифта, шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардид, аз тарзи санҷиши дониши довталабон изҳори қаноатмандӣ кард. Мавсуф гуфт, ки «мо, волидон ҳам дар ҷараёни санҷиш ва ҷамъбасти холҳо ширкат намудем. Воқеан санҷиш ба таври ошкоро ва шаффоф гузашт».
Санҷиши дониши довталабони квотаи президентӣ дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.










Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






