Дар Пекин форуми ВАО-и кишварҳои СҲШ доир гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Чин иттилоъ медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамгироӣ ва инноватсия, ҳамкорӣ ва манфиатҳои умумӣ» — таҳти чунин унвон имрӯз, 31 май дар шаҳри Пекин Форуми ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид,-иттилоъ дод хабарнигори АМИТ «Ховар» Заробиддин Ширинов аз макони баргузории форум.
Дар он муовини директор оид фаъолияти доимии Департаменти тарғиботи Кумитаи шаҳрии ҳукумати халқии Пекин Чжао Вэйдун, Директори генералии радио ва телевизиони Пекин Ли Чунлян, сардори хадамоти матбуоти ҳукумати халқии Пекин Сюй Хэтсзян ва намояндагони ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ ширкат карданд.
Ба иштирокчиён оид ба фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки дар давоми 17 соли охир Созмони Ҳамкории Шанхай иқтидори бузурги кишварҳои дорои фарҳангу тамаддуни гуногунро дар ба даст овардани зиндагии осоишта, ҳамраъйӣ ва ҳамкорӣ тавассути эҳтиром ва боварии тарафайн нишон дод.
Форум майдони фаъол барои мубоҳиса ва ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамкории ВАО дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай гардид.









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






