ДАР СӮГВОРИИ УСТОД БОЗОР СОБИР. Яке аз бузургтарин шоирони муосири тоҷик имрӯз аз олам даргузашт

Май 1, 2018 12:31

ДУШАНБЕ, 01.05.2018./АМИТ “Ховар”/. Бозор Собир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз   шинохтатарин ва дӯстдоштатарин шоирони ватансарои  тоҷик, субҳи имрӯз, соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон (ИМА) дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд. Сарвари давлат  ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

… Имрӯз чӣ рӯзи сахтест – ҳаво тираю боронӣ. Осмон ҳам гӯё дар қатори мардуми тоҷик дар сӯгвории шоири шаҳири миллат ашк мерезад.

Ӯ аз дӯстдоштатарин шоирони ин миллат ва кулли форсизабонони дунё буд. Буд, ҳаст ва хоҳад монд!

Миллати тоҷик имрӯз гирифтори ғаму андӯҳ аст, зеро Бозор Собир дар ғами ин миллат умри худро сипарда ва қалби худро фарсудааст. Дар ин роҳ шоир ҷасорати беҳамто нишон дода, ҳарфҳоеро фош гуфтааст, ки дигарон танҳо дар маҳофилу  суҳбатҳо  бо садои паст ба забон меоварданд:

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,

Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,

Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ…

Маҳз Бозор Собир дар байни удабо ва уламои мо, чун дигар қаҳрамонони миллатамон, намунаи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва азхудгузаштанҳо нишон дода ва  рисолати  касбии худро низ дар ҳамин дидааст:

Мон маро бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Мон маро сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Тавре дар номаи тасаллияти Сарвари давлат омадааст: «Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст”.

Устод Бозор Собир, ки имсол ба синни мубораки 80 мерасид, 20 ноябри соли 1938  ба дунё омадааст. Дар интернaт  ба воя расида, соли 1962 риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Ӯ солҳо ҳамчун ходими адабӣ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият”, маҷаллаи «Садои Шарқ”,  ҳамчунин чанд сол дар Афғонистон ба ҳайси мутарҷим кор карда, аз соли 1979 мушовири бахши назми  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ба қавли мунаққидону адабиётшиносон, Бозор Собир  аз аввал бахусус бо тасвирҳои зебо ва беҳамтояш дар шеър миёни дӯстдорони адабиёт маъруфу машҳур гашта буд. Маҳфилу шабҳои эҷодии ӯ  толори Хонаи адабон ҳанӯз дар ёдҳо боқиянд: одамон ҷои нишаст намеёфтанд, он рӯз ва рӯзҳои дигар дар  ҷодаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои Душанбе, дар суҳбату ҷамъомадҳо   ҳавохоҳони ашъори нобаш аз шеърҳои нав ва тасвирҳои тозаи ӯ ҳарф мезаданд.

Нахустин маҷмӯаи ашъори шоир бо номи «Пайванд” соли 1972  аз чоп баромада буд. Пасон маҷмӯаҳои «Мижгони шаб” (1981), «Борони тиллоӣ” (1982), сипас маҷмӯаи шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи «Оташбарг” (1984), китоби «Чашми сафедор” (1991) дастраси алоқамандони  шеър гардиданд.  Соли 1979 нашриёти  «Советский писател”-и Москва  маҷмӯаи ашъори ӯро ба забони русӣ бо номи «Каменная кладка”  ба табъ расонид. Ашъори Бозор Собир ҳамчунин дар китобҳои ӯ бо номҳои «Хуни қалам”, «Бо чамидан, бо чашидан…”, «Офтобниҳол” ба нашр расидаанд.

Бозор Собир аз  соли 1995 ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Сиэттли  Штатҳои Муттаҳидаи Америка  ба сар мебурд.

27 майи соли 2013   Бозор Собир  бо даъвати шахсии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт.

Сарвари давлат шоирро дар Қасри миллат пазироӣ намуданд.

Моҳи сентябри ҳамон сол Бозор Собир ба ифтихори 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ордени “Ситораи Президент” сарфароз гардонида шуд.

Тӯли  ин панҷ сол шоири ширинкалом ҳамроҳи завҷааш Гулчеҳра Собирова дар Душанбе зиндагӣ дошт ва ҳар сари чанд вақт барои хабаргирии фарзандону наберагонаш ба Америка мерафт.   Моҳи майи соли 2017 ӯ  бо ҳамин ният ба Америка рафта буд ва чанде  қабл ногаҳон  ба бистари беморӣ афтид…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Вале хеле афсус, марги бераҳм… Ва имрӯз ин хабари ногаҳонӣ ва ҷонгудоз…

Аз радио ҳоло садои ӯ ба гӯш мерасад:

                       Зангӯлазанон гузашт борон,

                       Чобуку ҷавон гузашт борон.

                       Бо чилчилаҳо гузашт борон,

                        Бо шилшилаҳо гузашт борон,

                        Бо силсилаҳо гузашт борон…

Ва яке аз дӯстон ва ҳамнишинони наздики шоир Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов замзама мекунад:

                       Гесӯи занона дошт борон,

                      Луълӯи занона дошт борон,

                      Аз тирукамони ранг-ранга

                      Абрӯи занона дошт борон…

Ҷои Бозор Собир дар байни мо холӣ монд. Вале шеърҳои ширину оташтин,  рӯҳи шикастнопазири ӯ, ҷасорату шуҷоати ӯ дар роҳи мубориза бо хурофот ва экстремизм, дар роҳи  ҳимояи арзишҳои миллиамон, эҳсоси баланди ватанпарастию хештаншиносии ӯ чун намунаи ибрат бо мо ва наслҳои оянда хоҳанд буд.

Мо, кормандони АМИТ “Ховар” ба наздикону пайвандон, хешу ақрабо, мухлисони шеър бино ба даргузашти шоири шаҳири миллат Устод Бозор Собир изҳори тасаллият менамоем ва мегӯем:  ашъори ҷовидонаи ӯ ҳамеша вирди забони мардуми тоҷик хоҳад буд. Ёди ӯ, сухани  волову  нотакрори шоири халқ Бозор Собир то абад дар ёди  мо  боқӣ хоҳад монд.

Ва ҳоло чанд намунаи дигар аз ашъорашро ҳамроҳ мехонем:

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,

Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,

Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ…

Халқи тоҷик,

Халқи армон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хашм

Чун асирон,

Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,

Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Душмани дарвеши худро,

Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд…

Гаҳ дар оташ,

Гаҳ дар об

Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,

Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.

Лек лафзи модариаш,

Ҳамчу номи модараш,

Дар забону дар даҳонаш монд – монд.

Ҳар сухан бо шири модар

Сахт шуд дар устухонаш монд – монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин,

Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш

Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯйиё чун сайди маҷрӯҳ

Ӯ ҷароҳатҳои худро

Гаштаю баргашта лесид,

Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун

Гарчи бо габру мусулмон

Ҳамсаро буд,

Ҳамрасулу ҳамхудо буд,

Дар забон аммо ҷудо буд.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

***

Аз хоки ватан гури падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби чар дар дили ман монд.

Дар оташи гам когази руи ман агар сухт,
Аз хохари ман когази сар дар дили ман монд.

Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд.

Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,
Аз рафтанашон хуни чигар дар дили ман монд.

Дар сузани девори ман аст риштаи умрам,
Кофист хамон сузан агар дар дили ман монд.

Аз хамватану хамрагу хамгавхару хамхун
Чашмони тару охи сахар дар дили ман монд.

(13 апрели 1996,Джексонвил)

***

Аз хуни Сиёвушем, Хамхуни Сиёвушем,
Аз чомасафедонем, хар чома намепушем
Хамсоли «Авасто» -ем, хамоташи Зардуштем,
Мо оташи Зардушту нокушта намекуштем.

Хамтешаи Фарходем, андеша намекардем,
Чуз решаи Охарман мо теша намекардем.
Аз давраи Деваштич дар кузаи мо девест,
Ин деви адоват нест, ин деви ватанхохист.

Чун Золи Зар аз модар кам бачча таваллуд шуд,
Хам руи сафедаш буд, хам муи сафедаш буд.
Мо хам, ки аз он зотем, мо хам, ки аз он бобо,
Хам муи сафед аз мост, хам руи сафед аз мо.

Дар Киблаи дил моро точе хама мехроб аст,
Дар киблаи дил моро мехроб на, Сухроб аст.
Дар бозуи дил моро як панчахи кутох аст,
Бо панчаи кутохаш аз Борбад аст ин даст.

Исмоили Сомони девори Бухоро буд,
Мо хамватани уем, у хамватани мо буд.
Мо хам кухи хороем, девори Бухороем,
Девори Бухороем мо хам, кухи хороем.

Як тоифа аз Лохур, як тоифа аз Тусем,
Хам вориси Хомусем, хам вориси номусем.
Хамшахрии Фирдавси, хамшахрии Икболем,
Хамшахри ба номусем, хамшахри ба икболем.
Ба кохи Ачам кухаст, дар мури Ачам мираст,
Дар шеъри Ачам шир аст, дар шеъри Ачам шер аст,
Шере, ки дар анбухи найзори калам хоб аст,
Шери нари шеърашро душман натавонад баст.

***

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?

Парандаҳои муҳоҷир  ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа cap шуд, чаро намеоӣ?

Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,

Дубора  қаҳ-қаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,

Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Гули пиёда ба манзил пиёда  боз омад,

Ба рафтанат чи қадар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон бинои баланде ватан бувад номаш,

Ба хишти нони падар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон сутуни баланде ватан бувад бомаш,

Ба устухони падар шуд, чаро намеоӣ?

Апрели 1998, Сиэтл.

***

ТИРАМОҲ

Рӯзҳои барфу боронӣ расида:

Ҷомаи зарди дарахтонро дарида,

Сабзаву гулро чарида,

Меваҳои пухтааш чида,

Меваи нопухтааш дар шоха ларзида,

Ранги хуршедаш парида,

Мурғи шеърам парбурида.

Хонаҳои холӣ пур аз бод,
Синаҳои холӣ пур аз ёд,
Меравад мушти паре барбод,
Коғазеву дафтаре барбод.

Селаи барги хазон дар тури борон мезанад пар,

Шишаҳои хонаам тар.

Мерасад ин лаҳза чашми модари пирам ба

хотир;

Ҳар қадар обе,ки ӯ аз зиндагонӣ хӯрда буд,

Зиндагӣ баргашта онро рехт аз чашмонаш

охир…

Мушти ёдам мезанад бар сар,
Мушти бодам мезанад бар дар…

***

АСП

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.

Пояш сафеду гардану пешонияш сафед,
Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар,
Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт,
Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.

То рӯи сина шаршараю обшори ёл,
То пушти пой шаршараю обшори дум.
Чун зарбаҳои набзи раги дасту пойи роҳ,
Аз сангу хок мешунавам зарбаҳои сум.

Сар то қадам сарак-сараку резу печу тоб,
Дар подаи касофати маркаб намечарад.
Аспи фариштае, ки саисаш фариштаест,
Шаб то саҳар фаришта қашоғӯш мезанад.

Дар ҳарду пойи ӯ падари ман кишан назад,
Дар банди пойи ӯ падарам ресмон набаст.
Дар кӯдакӣ шунидаму фарёд мекашад
Ин гӯши ман ба шиҳаи он аспи дурдаст.

Дар кӯдакӣ шунидаму аз ёди ман нарафт
Он шиҳаи азизи чиҳилсола бештар;
Як дам ба гӯш мерасад аз пуштаҳои дур,
Як дам ба гӯш мерасад аз кулбаи падар.

Ёдат ба хайр бому дари кӯдакии ман,
Кам нест дар хаёли ман афсонаҳои ту.
Марде, ки рафт аз бари мо дар ҷавониаш,
Хоҳам, ки пир ояду ояд дубораду…

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.

Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл
Бори дигар надидамат эй аспи бодпо,
Ту то куҷо давидию ку он савораат,
Ӯро ту дар ҷавониаш афкандӣ дар куҷо?

Май 1, 2018 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард