Дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ оид ба фаъолияти хизматӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи соли 2018 ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 16 амалиёти махсус баргузор карда, дар ҳамкорӣ бо онҳо 485 кг 787 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла 45 кг 848 гр героин, 131 кг 051 гр афюн, 235 кг 988 гр ҳашиш, 72 кг 900 гр бангдона (канабис) ва 125 кг 850 гр прекурсорҳоро дарёфт ва мусодира кардаанд.
Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадӣ М. Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, отрядҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар се моҳаи якуми соли 2018 баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, ки дар давраи семоҳаи аввал бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 7 маротиба задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 3 нафар қочоқчӣ нобуд ва 10 нафари дигар дастгир карда шуданд. Нӯҳ маротиба убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ 165 нафар, аз ҷумла 140 нафар шахсони дар рӯйхати кофтуков қарордошта дастгир шуда, пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Дар ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сардорони Раёсатҳо, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оид ба иҷро намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда, инчунин роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкунӣ, мустаҳкамии муҳофизати сарҳад супоришҳои мушаххас дода шуданд.








«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






