«ДУШАНБЕ»-ДАР НЮ-ЙОРК! Дар қаҳвахонае дар маҳаллаи Бруклин муҳити соф тоҷикӣ фароҳам сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бруклин, сераҳолитарин маҳаллаи Ню-Йорки Амрико, қаҳвахонае бо номи «Душанбе» фаъолият мекунад, ки муҳити он кулан тоҷикӣ буда, ба муштариён беҳтарин таомҳои миллии тоҷикӣкарда мешаванд.
Хабарнигори собиқи шабакаи ТВ «Тоҷикистон» Далер Иброҳимов, ки ҳоло дар Амрико кору зиндагӣ мекунад, дар саҳфаи худ дар шабакаи Фейсбук навори ҷолиберо бо гузориш дар бораи қаҳвахонаи «Душанбе» дар шаҳри Ню-Йорк ҷой додааст.
Дар гузориши мазкур зикр мешавад, ки дар миёни ҳазорон биноҳои осмонбӯси Ню-Йорк, дар шаҳре, ки дар он ҳазорҳо тан аз сарорсари дунё кору зиндагӣ мекунанду намунаи фарҳангҳои мухталифи дунёро дучор омадан мумкин аст, дар гӯшае оҳанги тоҷикӣ ба гӯш мерасад. Қаҳвахонаи «Душанбе» дар ин шаҳри бузург пойтахти Тоҷикистон ва фарҳанги меҳмондорию ҳунари ошпазии тоҷиконро муаррифӣ менамояд. Оши палову қурутоб, самбӯсаву сихкабоб ва дигар таомҳои мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии хоса ва дар муҳити тоҷикона пешниҳоди муштариён мегарданд. Аз навори видеоӣ ба гӯш мерасад, ки дар толори қаҳвахона ин суруд танинандоз аст:
Ватан эй ҷон, Ватан эй дил, Ватан эй сарзамини гул,
Биҳишти мо, биҳишти мо, биҳишти мо, биҳишти мо…
Муассисони қаҳвахона мегӯянд, ки бо роҳандозии хизматрасонӣ дар Амрико ҳам даромади хуб ба даст меоранду ҳам фарҳанги миллати хешро дар ин сӯи Уқёнус ба намоиш мегузоранд.
«Душанбе» номгузорӣ шудану бевосита ба маъраз гузоштани намунаи ҳунарҳои дастӣ ва тайёр намудану пешниҳод кардани лазизтарин таомҳои миллӣ далели он аст, ки шаҳрвандони мо дар ҳар кунҷу канори сайёра бо ёди Ватан ва андешаи хизмат ба он ҳастанд.
«Дар оғоз ба қаҳвахона аслан шаҳрвандони Тоҷикистон меомаданд, то хумори Ватан бишкананд, аммо ҳамакнун ҳам амрикоӣ лаззати таоми миллии моро мечашаду ҳам аврупоиву африқоӣ», — омадааст дар гузориш.
Бояд гуфт, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон тавонистанд, ки аз миллати худ тавассути хизматрасонӣ дар як қаҳвахонаи кӯчак ба таври шоиста намояндагӣ кунанд.
Қаҳвахонаи «Душанбе» дар шаҳри Ню-Йорки Амрико имрӯз муштариёни зиёде пайдо кардааст. Он на танҳо як қаҳвахона, балки маконест, ки фарҳангу маданияти тоҷикон муаррифӣ мешавад.
Дар ин навор сарошпази ин қаҳвахона Азиз иброз чунин иброз медорад: «Ҳарчанд аз Ватан дур бошем ҳам, лекин Ватан ҳамеша дар дили мост. Ба он хотир қаҳвахонаро «Душанбе» номгузорӣ кардем, ки ҳамватанони мо ин ҷо омада, худро дар Тоҷикистон ҳис кунанд».
Мавриди зикр аст, ки муҳити қаҳвахонаи «Душанбе» дар Ню-Йорк бисёр тоҷикона ороста шудааст. Тавре дар ин навор мушоҳида мешавад, муҳити атроф ва деворҳои он бо наққошиҳои миллӣ ва табиати Тоҷикистон, ҷомаву тоқии тоҷикӣ, қафаси кабк, лаъливу чойнику пиёлаҳои тоҷикӣ ва амсоли инҳо ороиш дода шудааст, ки ҳар муштарӣ дар ин ҷо худро дар Тоҷикистон эҳсос кунад. Мусиқиҳои тоҷикӣ, ки дар қаҳвахона садо медиҳанд, ҳавои онро боз ҳам бештар тоҷикона мекунанд.
Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «ХОВАР»









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






