«Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!» — сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!»-таҳти чунин шиор XXXX Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 13 майи соли 2018 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ ифтитоҳ гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳадафи чорабиниро дар ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки хонандагон давоми сол бо олимони барҷастаи тоҷик тарзу усули омода намудани гузоришҳо, корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо намуданро меомӯзанд.
Ба андешаи номбурда, Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин барои такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳо дар оянда мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад.
Дар сессия ноиби президенти АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон, муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҶТ Қодири Қосим, Роҳбари Маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ва дигарон суханронӣ намуда, наврасонро барои андӯхтани илму маърифат ҳидоят карданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






