ФУТБОЛ: баъди пирӯзӣ дастаи «Кӯктош» ба зинаи сеюми ҷадвал баромад

Май 28, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври 10-уми Лигаи олии мамлакат дастаи  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  дар майдони худ  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтарро қабул намуд. Рақобат байни ин дастаҳо ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи  мизбонон  анҷом ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо дарёфти  15 имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвал баромад.

Ёдовар мешавем, ки  дар бозии 10-уми Лигаи олӣ футболбозони КМВА «Помир» дар майдони худ  дастаи футболи  «Барқчӣ»-ро бо  ҳисоби  1:0 мағлуб намуданд.  Ҳамчунин   дар даври мазкур рақобати  байни дастаҳои футболи «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ»  бо ғолибияти  бозингарони шаҳри Турсунзода, бо ҳисоби 2:0  анҷом ёфт.

 

Май 28, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад