Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муассиртар ба роҳ монда мешавад

Май 8, 2018 10:07

ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола ибтидоан аз 8 майи соли 1953 Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил карда мешавад.

Дар миёнаи асри XIX бо пешниҳоди Дюнан аввалин бор гурӯҳҳои ихтиёриёне, ки ба маҷрўҳони майдони муҳорибаҳо кумак мерасониданд, таъсис дода шуданд ва соли 1863 маҳз бо ташаббуси ў конфронс баргузор гардид, ки минбаъд ба бунёди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Вазифаи ҳаракат пеш аз ҳама кумак расонидан ба ҷароҳатбардоштагон, беморон асирони ҳарбӣ дар давраҳои ҷанг ва қурбониёни офатҳои табиӣ арзёбӣ мегардад. Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, кумаки тиббию иҷтимоӣ ва арзишҳои башардӯстӣ принсипҳои бунёдии ҳаракат ба шумор мераванд.

Тавре котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, аз соли 1992 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун Ҷамъияти мустақилу ягонаи башардӯст шинохта шудааст. «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, — иброз дошт Б. Қурбониён ва афзуд, ки маҳз дар ҳамин давра Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 1997 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи ҳаракати байналмилалӣ эътироф шуда, аз 20 ноябри соли 1997 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқ ба Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар шомил гардид».

Ба гуфтаи Б. Қурбониён, дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  зиёда аз 15 лоиҳаҳои гуногуни башардӯстона дар 65 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, ки самтҳои асосии фаъолият онҳо, пеш аз ҳама, мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи башардӯстӣ мебошад. «Фаъолияти асосии ҶҲАТ ва ҷузъҳои он ба таъмини эҳтиром ба шахсияти инсон, махсусан ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ, машғул шудан ба фаъолияти марбут ба пешгирии бемориҳо, иштирок дар таъмини ҳифзи саломатӣ ва солимии ҷомеа, таъминоти иҷтимоӣ, ҳавасманд гардонидани кори ихтиёрӣ ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба шахсони ниёзманд равона гардидааст», — мегӯяд котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

Баҳодур Қурбониён яке аз афзалиятҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар он медонад, ки ин ҷамъият дар ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо бахшҳои худро дошта, ташкилотҳои ибтидоиро дар маҳалли зист ва ҷойи кору таҳсил ташкил намудааст.

Ба иттилои ӯ, дар тӯли панҷ соли охир беш аз 25 ҳазор нафар, ки аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зарар дидаанд, аз ёриҳои муштараки ҶҲАТ ва ҳамкоронаш бархӯрдор гаштаанд. Дар ин замина Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рушд ва тақвияти шуъбаҳои минтақавии худро идома медиҳад, то фаъолияти онҳо муассиртар ба роҳ монда шавад.

Ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Қатар, Кувайт, Финландия, Испания, Италия ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Ин ҳамкорӣ дар доираи ҳаракати байналмилали Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар идома дорад.

Баҳодур Қурбониён афзуд, ки ҳамасола мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», дар миқёси кишвар моҳи май давраи таҷлили моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст. Ба ин муносибат барномаҳои гуногуни хайриявию башардўстӣ, озмуну маҳфилҳо байни ташкилоту муассисаҳо  ва консертҳои хайриявӣ аз 1 май аллакай роҳандозӣ шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 таъсис ёфт. Бюрои тадорукот оид ба таъсиси Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳайати Салиби Сурхи Иттиҳоди Шўравиро раиси Кумитаи марказии иҷроияи Шўроҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум роҳбарӣ менамуд.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 8, 2018 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад