МАРҲАМАТ БА БАЗМҲОИ ҶАВОНӢ! Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд

Май 23, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва конфронсу  вохӯриҳо бо ҷавонон  доир  мегарданд. 

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  имрӯз соати 17:00 дар  чор ноҳияҳои пойтахт:   майдони назди Сирки давлатӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ,  Боғи  фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  майдони «800-солагии Москва»-и   ноҳияи  Шоҳмансур, Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и ноҳияи  Сино ва ҳамчунин дар «Боғи Ирам»  бо иштироки  санъаткорони варзидаи мамлакат  чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе  Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, олимону муҳақиқони ҷавон баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ин  рӯз  баргузори  роҳпаймоии ҷавонон   дар назар аст.

Май 23, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд