Масъалаҳои рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон бо Чин дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Алекен Еминбахэ баррасӣ гардиданд

Май 24, 2018 17:55

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии  Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин  Алекен Еминбахэ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили  рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти  ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни мулоқот иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳодҳои созанда, аз ҷумла, дар самти муқобилият бо терроризму экстремизм ва ҳамкориҳои густарда дар соҳаи обу экология мавқеи намоён дорад ва дар доираи ҳамин сиёсати созанда муносибатҳои давлати мо бо кулли кишварҳои ҳавасманд, аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рушду таҳким меёбад.

Дар мулоқот мавзӯъҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ баррасӣ шуданд.

 

Май 24, 2018 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд