Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли 2018 дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар намуданд.
Ҳамчунин, 2 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад Ал-Зарафӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш Абдулҷалил Саубри, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташриф оварданд, мулоқот кард.
Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад Ал-Зарафӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Зимни мулоқоти Сироҷидин Аслов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш Абдулҷалил Саубри ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Марокашро дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






