Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода: «Тоҷикистон мехоҳад бо Россия дар МОИ корхонаҳои муштарак таъсис диҳад»

Май 31, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, ки ҷумҳурӣ ба рушди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ /МОИ/ умеди калон дорад. Дар ин бора агентии «Спутник»-и Россия хабар додааст.

Ба гуфтаи Т. Ҷӯразода, Тоҷикистон ба Россия пешниҳод менамояд, ки дар МОИ-и ҷумҳурӣ корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд.

«Ҳадафҳои асосии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мебошад. Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳудуди ғайригумрукӣ буда, маҳсулоти истеҳсолшуда содирот карда мешавад», — тазаккур дод ӯ.

Ҷӯразода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ умеди калон дорад. Ба иттилои ӯ, Тоҷикистон мехоҳад Россияро ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар МОИ ҷалб кунад.

«Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти бозорҳо ва харидорони нав барои маҳсулоти истеҳсолшаванда имконияти хуб медиҳад. Дар наздикии Тоҷикистон Покистон, Афғонистон ва Чин ҷойгир мебошанд. Ҳамаи ин бозорҳо истеҳсолкунандагони ҳама гуна маҳсулотро бетараф гузошта наметавонанд», — зикр намуд Т. Ҷӯразода.

 

 

Май 31, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид