«Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар» — Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Кӯшониён
БОХТАР, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон фестивали ҷумҳуриявии «Марҳабо ба Хатлон» бо иштироки зиёда аз шаст нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни чумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи фестивал иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии «Ҳулбук», оромгоҳи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ ва маркази дилхушии «Хуррамшаҳр», маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Бохтар дидан намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои фестивал ҳамзамон дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён конфронси ҷумҳуривӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар» баргузор шуд.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баромад намуданд.
«Эълон гардидани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар фароҳам меоварад», — зикр кард Махфират Хидирзода.
Зимни баромади худ Раиси Кумитаи рушди сайёҳи таъкид намуд, ки имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ васеъанд ва аз ин истифода бояд бурд. Дар ин самт бояд ширкатҳои сайёҳӣ бештар фаъол бошанд ва имконияти таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ низ ба фоидаи кор мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






