НИҲОДИ МУҚАДДАС. 15 май — Рӯзи байналмилалии оила
ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, таҷлил карда мешавад.
Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.
Оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва дигарҳо қабул шудаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, саривақтӣ буда, самаранок амалӣ гардида истодааст.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Кумита ҷиҳати дастгирии занон ва пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.
Инчунин Кумитаи кор бо занон ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» як зумра чорабниҳоро гузаронида итодааст. Аз ҷумла, семинару машваратҳо пайваста дар байни донишҷӯён ва толибилмони мактабҳои миёна баргузор карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол бахшида ба Рӯзи оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст.
Ба муносибати ин рӯз ҳамчунин Кумита дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намуда, озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»-ро миёни оилаҳои ҳунарманди кишвар эълон кардааст.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






