Низомиддин Зоҳидӣ дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» дар Пекин иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 майи соли 2018 муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон», ки дар шаҳри Пекин доир гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубориза бо чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақа, мусоидат ба талошҳои Афғонистон барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини рушди босуботи иқтисодии ин кишвар изҳори назар намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Гурӯҳи тамоси «Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон»-ро ҳамчун сохтори машваратӣ дар ҳалли масоили мубрами Афғонистон ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки «Харитаи роҳ»-и рушди ҳамкории СҲШ ва Афғонистон таҳия гардад.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






