Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун шинос шуд

Май 4, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмон ва навсозии иқтидорҳои саноатию энергетикӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун ва таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирўз дар шаҳри Леваканд ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд.

Дар шаҳри Леваканд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст аз рафти корҳои сохтмонии Ширкати муштараки Тоҷикию Хитоии «Нуриҳои Осиё»  дидан намуд.

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Сарвазири  мамлакат аз суръати пасти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, масъулонро ҷиҳати саривақт ва дар муҳлати пешбинишуда мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур муваззаф намуд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сарвазири мамлакат бо  фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии Ниёзмаҳмад Беков ва Сафар Ҷумаев шинос шуд.

Хоҷагии кишоварзии Ниёзмаҳмад Беков  дорои ҳазор гектар пахта ва 95 гектар боғҳои мевадиҳанда мебошад.

Дар хоҷагии кишоварзии Сафар Ҷумаев бошад, 1800  гектар пахта ва 147 гектар боғ  мавҷуд аст.

Кишоварзону хоҷагидорон кишти пахтаро дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб дорад.

Ҳамчунин баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар боғҳои мевадиҳанда корҳои агротехникӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.

Вобаста ба  камбориш омадани тирамоҳу зимистон кишоварзон тадбирҳои заруриро ба роҳ монда, ҷиҳати гирифтани ҳосили дилхоҳ аз имкониятҳои фароҳамовардашуда ба таври зарурӣ истифода намудаанд. Ҳамин аст, ки ниҳолҳои мевадиҳанда ҳосили хуб ба бор овардаанд.

Ҳамчунин дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии иншооти таъйиноти гуногуни ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, аз ҷумла бинои дуошёнаи меҳмонхона дар деҳоти Навобод, Фермаи мурғпарварӣ ва корхонаи коркарди семент дар деҳоти Маданият, осорхона, китобхона ва дигар иншооти таъйиноти гуногун дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балх дидан намуд.

Сарвазири мамлакат аснои боздиди корӣ аз масъулони соҳаҳои дахлдор таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншооти нав, ки тибқи нақша бояд дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Наврўзи байналмилалии соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд, талаб намуд.

Май 4, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад