ОБУ ҲАВО: дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид то 20 май боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то 20 май ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд.
Имрӯз, 16 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +20 +22 дараҷа ва шабона +12 +14 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






