ОБУ ҲАВО: Давоми 3 рӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани боронҳои пай дар пай дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ибтидоан аз 13 то 16 май дар ҷумҳурӣ ҳаво номусод гашта, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, 12 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +15 +17 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






