«Пойгоҳи локомотивии Душанбе» соҳиби аввалин Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд гардид

Май 16, 2018 10:54

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар майдони варзишии Роҳи оҳани шаҳри Душанбе даври ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд доир гардида, дар он дастаҳои ғолиб — КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) ва «Истгоҳи  Исфара» байни ҳам рақобат намуданд.

Тавре раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар даври ниҳоӣ дастаи КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) дастаи «Истгоҳи  Исфара»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб карда, соҳиби аввалин Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд гардид.

Баъди ҷамъбаст гардидани мусобиқаи футболи хурд, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо Ҷом, медалу диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 10 апрел оғоз гардида, тӯли як моҳ 11 гурӯҳ аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон  байни ҳам рақобат карданд.

Май 16, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад