ПОЛИТСИЯИ САЙЁҲӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳангоми сафараш ба Тошканд бо фаъолияти ин ниҳоди навтаъсис шинос гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд боздид ба амал овард. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни боздид Рамазон Раҳимзода бо фаъолияти қисми навбатдорӣ, низоми худкори идоракунии «Шаҳри бехатар», техникаю таҷҳизотҳои махсуси сарраёсати мазкур ва бо политсияи сайёҳии ин кишвар аз наздик шинос гардид.
Зимни шиносоӣ Рамазон Раҳимзода ва роҳбарияту кормандони ин сарраёсат масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин фаъол намудани мубодилаи иттилооти оперативӣ ва табодули таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2017 дар доираи Консепсияи таъмини амнияти сайёҳӣ дар Бухоро, Хева ва Шаҳрисабз ва нақшаи тадбирҳои амалисозии ин консепсия бароги солҳои 2017-2020 дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон политсия сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм ва Қашқадарё ниҳодҳои махсуси таъмини бехатарии сайёҳӣ ба фаъолият сар карданд, ки ба онҳо муовинони сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ сарварӣ мекунанд. Вазифаи асосии ин ниҳодҳо санҷишу таҳлили вазъи бехатарии сайёҳӣ ва пешниҳоди тадбирҳо ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини амнияти сайёҳӣ мебошад.












Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






